Ду ҷавонзан бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуданд (аудио)

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду ҷавонзани гумонбар ба қаллобӣ хабар дод

Бино ба иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 35-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки шахсони номаълум бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, хонаи истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанберо ба иҷора гирифта, ғайриқонунӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ намуда, ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ кардаву фурӯхтаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 72-сола ва ду зани 32 ва 28-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шудаанд.

— Ҳамзамон ба ШВКД-и мазкур бо ариза марди 28-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки “Муҳаё” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ хонаи ба иҷора гирифтааш воқеъ дар кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанберо ба маблағи 170 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, хонаро ба дигар нафар ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ ғайриқонунӣ фурӯхтааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ занони 32 ва 28-солаи дар боло зикргардида ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуданд. Оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *