Ду адад нақлиёти сайёри тиббӣ барои Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд

Дар доираи лоиҳаи «Корвони саломатӣ», ки бо маблағгузории Фонди авруосиёии субот ва рушд дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардид, ба Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ду адад нақлиёти сайёри тиббӣ дастрас карда шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар, дар маросими муаррифии нақлиёти сайёри тиббӣ, ки бо ҳузури раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт, иттилоъ дода шуд, ки дастрасии чунин маҷмӯи нақлиёти сайёри тиббӣ барои беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, махсусан сокиноне, ки дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, нақши муҳим хоҳад бозид.

— Нақлиёти махсуси сайёр дорои таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла таҷҳизоти рентгенӣ, ташхисӣ, стомотологӣ, кардиологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ аст. Тавассути нақлиёти сайёр ба таври таҷрибавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров «Корвони саломатӣ» гузаронида шуд, ки аз ҷониби табибон 200 нафар аз муоина гузаронида шуданд. Сокинонро табибони амрози дарунӣ, амрози занона, дилшинос, духтурони чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, дилшиносон бо истифода аз таҷҳизоти нақлиёт муоина намуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *