Ду агрегати НБО “Сарбанд” ба истифода дода шуд

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар шаҳри Левакант ду агрегати НБО “Сарбанд”-ро ба кор даровард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, агрегатҳои рақами 2-и неругоҳ бо тавоноии 39 МВт ва агрегати рақами 6 бо тавоноии 49 МВт ба истифода дода шуд. Иқтидори лоиҳавии НБО “Сарбанд” 240 МВт-ро ташкил дода, он 5-умин нерӯгоҳ аз лиҳози иқтидор ба ҳисоб меравад. Солҳои 2010-2012 агрегати 4-уми нерӯгоҳ бо тавоноии 45 МВт пурра таҷдиду азнавсозӣ гардид.

Сохтмони нерӯгоҳи мазкур соли 1956 оғоз гардида, аввалин агрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Бинобар сабаби истифодабарии тӯлонӣ, қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии нерӯгоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буданд. Ҳамчунин, бо сабаби аз кор мондани системаи назорат ва танзими баландшавии об, солҳои 1993 ва1994 агрегати 2-юм қисман зери об монда буд. Агрегатҳои нерӯгоҳ куҳна буда, қисмҳои эҳтиётии онҳо аз истеҳсолот баромада буданд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои пурра барқарор намудани ин иншоот соли 2011 бо Бонки Рушди Осиё созишномаи грантиро ба маблағи 136 млн доллар ба имзо расонид. Анҷоми пурраи корҳои таҷдиду навсозӣ дар неругоҳ тобистони солии 2021 дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *