Ду академик: Яке вазир, дигаре ректор мешаванд
Муҳаммадюсуф Имомзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъин мешавад. Дар ин бора як манбаи муътамад ба сомонаи Pressa.tj хабар дод.
Нуриддин Саид, ки наздики 7 сол инҷониб вазири маориф ва илми Тоҷикистон аст ва соли гузашта синни нафақаро убур кард, аз ин вазифа барканор мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки айни замон Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мебошад, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин мешавад. Ба эҳтимоли зиёд Нуриддин Саид ҷойгузини Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиоии назди Ҳукумати Тоҷикистон хоҳад шуд.
Инчунин, Сайфиддин Давлатзода, ки аз соли 2018 то ҳол муовини вазири маориф ва илми кишвар аст, курсии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро соҳиб мегардад. Баробари дастрас намудани хабару маълумоти нав дар бораи тағйироти кадрӣ дар соҳаи маориф хонандагони Pressa.tj-ро бохабар хоҳем кард.
Имомзода кист?
Таҳлилгарон Муҳамммдюсуф Имомзодаро ҳамчун мунаққид ва адабиётшинос мешиносанд. Саҳми ӯ дар рушди улуми филологӣ беназир аст. Пажуҳишҳои илмию назарии ӯ масоили мубрами таърих ва назарияи адабиёт ва ҳамчунин нақди адабӣ, адабиётшиносии киёсӣ, назарияи тарҷума ва дигар ҷанбаҳои назму насри бадеиро фаро мегирад. Бо ташаббуси ин муҳаққиқ дар адабиётшиносии муосири тоҷик самти нави илмии марбут ба масоили поэтикаи наср дар асоси таҳқиқ ва пажуҳиши осори насрии адабиёти муосир бунёдгузорӣ шуд. Ӯ соли 2012 роҳбари бузургтарин донишгоҳи кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин гардид.
Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, ректори Донишгоҳи мииллии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия, доктори илмҳои филологӣ, академик аст.
Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ 28 апрели соли 1959 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ соли 1981 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлати миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст. Имомзода М.С. аз соли 1991 баъди хатми аспирантура дар Донишгоҳи миллӣ то соли 2004 дар вазифаҳои муаллим, муовини декани факултети филология, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ ва декани факултети филология кор кардааст. Ӯ соли 2002 дар мавзӯи «Тафаккури бадеӣ ва поэтикаи насри Садриддин Айнӣ» рисолаи докториро бо муваффакият дифоъ менамояд. Имомзода М.С. муаллифи зиёда аз 200 корҳои илмию методӣ дар масъалаҳои актуалии адабиёти тоҷик мебошад.
Ҳангоми роҳбарии худ профессор Имомзода М.С. дар Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон барои густариши равобити фарҳангии Тоҷикистону Русия ва, ҳамчунин самарабахшии сифати таълими забони русӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он, ҳамчунин дар Федератсияи Руссия саҳми бориз гузоштааст.
Нуриддин Саид кист?
Саид Нуриддин Саид 25 ноябри соли 1956 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Доктори илмҳои фалсафа. Ба мукофоти давлатии ордени «Шараф» дараҷаи 1 сарфароз гардонида шудааст.
Номбурда солҳои гуногун ассистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносии Донишкадаи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, муаллим ва дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, сардори раёсати таҳсилоти миёна, олии касбӣ ва баъди муассисаҳои олии касбии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Ӯ аз соли 2008 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, солҳои 2008-2012-ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Аз соли 2013 инҷониб вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Абдуҷаббор Раҳмонзода кист?
Абдуҷаббор 15 марти 1959 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик, доктори илмҳои филология, профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ, ходими давлатӣ мебошад.
Ӯ дар гузашта Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004—2005), Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005—2012) буд ва аз декабри соли 2014 инҷониб Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ