Ду қалобу се ҷабрдида

Ба мқомоти милитсияи ноҳияи Сино марди 28-солаи сокини ноҳияи Ҳисор оиди ҳодисаи қаллобӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 13.07.с.2016, марди 36-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ба бовариаш даромада,  аз ӯ автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро, ки арзишаш  65000-сомонӣ меистад, гирифта, то ҳол барнагардондааст.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 58-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд.

Ҳамчунин муайян карда шуд, ки гумонбаршуда, рӯзи 18.01.с.2015, дар назди бозори “Шанхай” бо роҳи фиреб ба боварии зани 54-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 15000-доллари амрикоиашро гирифта, то ҳол бозпас нагардонидааст.

Бо чунин мазмун ба мақомоти милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ шикоят бурдааст, ки  моҳи ноябри соли 2016, марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе аз бовариаш сӯиистифода намуда, 38730-сомониашро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *