Ду боли як иқбол

Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи ҷашнҳои барои сокинони кишвар арзишманд маҳсуб меёбад. Бинобар ин, ҳар сол барои сазовор пешвоз гирифтани он мардуми шарафманди Тоҷикистон омодагӣ мебинанд. Бо дастовезҳои меҳнатӣ ва корҳои ободию бунёдкорӣ пешвоз гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Маҳз бо ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон раванди муттасили музокироти миёни тоҷикон бо мақсади сулҳи пойдор дар кишвар ва таъмини ризояти миллӣ оғоз гардида, ҳалли ихтилофоти миёни тоҷикон анҷом ёфт. Ин ҳуҷҷат осоиштагии кишварро роҳнамо гашт, ки ин санади сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва мамлакатҳои дигари кафили сулҳи тоҷикон дастгирӣ ёфт.

Миллати мо ба ин дастовардҳои бузурги таърихӣ — иттиҳоди миллӣ, ризояти ҷомеа, фазои мусоиди сулҳу субот, густариши пайвастаи худогоҳиву хештаншиносӣ ва марҳилаи нави такомули давлати соҳибистиқлол ноил гашт.

Тавре Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, «Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни фарҳангии давлатдориву давлатсозие мебошанд, ки ба ҳамдигар неруи тоза ва тақвият мебахшанд».

Бо ба имзо расидани Созишномаи сулҳ дар ватани азизамон ваҳдати миллӣ, пойдории суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ муҳайё гардид. Ҳамин сулҳу субот буд, ки меъёрҳои демократӣ дар кишвари мо амалӣ гашта, хатари барҳам хӯрдани Тоҷикистон аз байн рафт ва тоҷикон бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърихӣ гузашта, соҳиби истиқлол ва давлати мустақилу соҳибихтиёри демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гардида, ба сулҳу ваҳдати якпорчагӣ расиданд.

Солҳо сипарӣ шуданд ва маҳз ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаи Роҳбари давлат буд, ки ватани азизи мо — Тоҷикистони соҳибистиқлол сол аз сол ободу зебо мегардад.

Ҷӯразода Ҷӯрабой Одина,

нотариуси калони давлатии Идораи нотариалии давлатии шаҳри Панҷакент

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *