Ду бонки Тоҷикистон фаъолияташро қатъ кард
«Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» , ки дар соли сипаришуда ба мушкили молиявӣ рӯ ба рӯ шуда буданд, баста шуданд.
Қарори Бонки Миллии Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 24 феврал содир гардида, аммо то кунун сабабҳои расмиаш эълон нагардидааст. Танҳо мақомот дар баёнияи расмӣ гуфтанд, ин қарор аз тарафи «Раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон бар асоси сабабҳои асоснок» содир шуд.
Дафтари матбуоти Бонки Миллӣ мегӯяд, иҷозатномаи ҳардуи бонк барои анҷоми амалиёти бонкӣ бозхонд шуда, «ҷанбаҳои дигари фаъолияти онҳо дар асоси қарори масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон омӯхта ва баррасӣ мешаванд.»
«Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» дар қатори «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» тайи тақрибан ду соли охир ба буҳрон дучор шуда, пардохтпазирии худро аз даст дода буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ