Ду чархбол бо ҳам бархӯрданд,15 нафар ҳалок шуданд
Лашкаргоҳ-маркази Ҳилманд аз вилоятҳои ноамни ҷануби Афғонистон ба шумор меравад.
Бархурди ду чархболи артиши Афғонистон бо якдигар дар вилояти Ҳилманд 15 кушта барҷой гузошт.
Ба гузориши вазорати дифои Афғонистон, ду чархболи MI-17 –и нерӯи ҳавоии ин кишвар ҳангоми бархостан дар шаҳристони Новаи вилояти Ҳилманд дучори мушкили фаннӣ шуданду бо якдигар бархурд карданд. Дар натиҷаи ин ҳодиса камаш 15 низомии афғон кушта ва шумори дигаре низ захмӣ шуданд.Даргириҳои шадиде миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон дар бархе аз манотиқи вилояти Ҳилманд дар се рӯзи ахир ба шакли бесобиқае шиддат гирифта аст ва Толибон тавониста ҳавзаи чаҳоруми амниятии шаҳри Лашкаргоҳ ва бархе дигар аз посгоҳҳо дар шаҳристонҳои Нова ва Нодалиро тасарруф кунад.Омори дақиқе аз талафоти ин даргириҳо мунташир нашуда, аммо вазорати дохилаи Афғонистон пештар эълом карда буд, ки беш аз 80 узви Толибон дар шаҳристонҳои Нова ва Наҳруссироҷ кушта шудаанд.Лашкаргоҳ-маркази Ҳилманд аз вилоятҳои ноамни ҷануби Афғонистон ба шумор меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ