Ду дуздии калон аз барқ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 27-уми феврали соли 2024 аз ошкор шудани тасарруфи 1 миллиону 265 ҳазор сомонӣ, ё беш аз 100 доллар пули давлат аз ҷониби танҳо як мудири анбори шуъбаи истаравшании ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ” хабар дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти агентӣ, “Ҳомидов Б. Б. дар мансаби мудири анбори филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан кор карда истода, зимни фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати мансабӣ даст ба ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ задааст. Чунончи, ӯ ҳамчун шахси масъулияти моддидошта ба ҳисоби худ дар анбори ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан молу маҳсулот ва таҷҳизоти барқии арзишмандро ба маблағи умумии 1 миллиону 265 ҳазору 163 сомонӣ расман қабул намуда, минбаъд бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ин молу маҳсулотро, ки ба ӯ бовар карда супорида шудааст ва дар ихтиёраш қарор дошт, бо роҳи азонихудкунӣ пурра тасарруф намуда, бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат ба маблағи 1 миллиону 265 ҳазору 163 сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонид”.

Худи Ҳомидов ва ё адвокаташ низ барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд.

Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин ҳолати дуздии маблағҳои бузург аз ширкатҳои барқ аст, ки Агентии мубоориза бо коррупсия аз ошкор шуданашон хабар медиҳад.

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 21-уми феврали соли 2024 аз ошкор шудани тасарруфи беш аз 2 миллион сомонӣ пули давлат аз ҷониби роҳбарони “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” хабар дод ва гуфт, ки сардори гурӯҳи хизматрасонии қитъаи Панҷакент Эргашев Б. С. бо истифода аз ваколати мансабӣ ва дар асоси маслиҳати пешакӣ бо роҳбари корхонаи “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” Бобоев Б. Қ. ва дигар шахсони масъул дар чанд ҳолат ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва сохтакории хидматиро содир кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *