Ду фавт: Яке дар Норак ғарқ шуд, дигарӣ дар Сурхоб (аудио)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду ҳодисаи фавт дар натиҷаи ғарқшавӣ хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, як сокини 30-солаи деҳаи Носирбобои ҷамоати деҳоти Сарчашмаи ноҳияи Ш. Шоҳин, ки барои истироҳат ба шаҳри Норак омада будааст, ҳангоми шиноварӣ дар Карери 9-ум аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст. Ин ҳодиса рӯзи 5-уми май тахминан соатҳои 11:32 дақиқа рух додааст.

Баъди дарёфти хабари ин фоҷеа кормандони имдоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба ҷойи ҳодиса сафарбар шудаанд. Пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ғаввосон ҷасади марҳумро соати 14:30 дақиқа аз дохили обанбор пайдо карда ва ба мақомоти дахлдор супоридаанд.

Ҳамчунин, хабар дода мешавад, ки як сокини 16-солаи ҷамоати шаҳраки Ғарм, кӯчаи С. Айнӣ дар рӯди Сурхоб ғарқ шудааст. Бино ба нақли шоҳидон, номбурда моҳидорӣ мекардааст ва аз беэҳтиётӣ дар об сарозер шудааст.

Баъд дарёфти хабари мазкур имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Ғарм ба ҷойи ҳодиса рафта, ҳамроҳ бо сокинон корҳои ҷустуҷӯиро ба роҳ монда, соати 19:40 дақиқа ҷасади ноболиғро аз рӯди Сурхоб пайдо кардаву ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоридаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *