Ду харбузаи Боқӣ Раҳимзода
Ёде аз Махсум Олимӣ
Тирамоҳон буд. Дар ҳама муассисаҳои таълимӣ машғулият шурӯъ шуда бошад ҳам, Махсум Олимӣ дар Душанбе буд ва тамоми рӯз аз кабинет ба кабинет, аз долон ба долони Иттиҳодияи нависандагон гаштугузор мекард. Гоҳе сархуш буд, гоҳе ҳушёр.
Вай дар Донишкадаи адабии ба номи Горкийи Маскав таҳсил мекард ва низоми таълими ин таълимгоҳ озодтар буд, яъне, донишҷӯ метавонист ба дарс равад ва ё наравад: каси эҷодкор озод аст.
Ӯро дар долони Иттиҳодия дида, раиси замон устод Мӯъмин Қаноат мегӯяд:
— Махсум, ту бекор мегардӣ. Агар хоҳӣ, ман туро ба Хуҷанд роҳӣ мекунам, устод Боқӣ Раҳимзода дар табобатгоҳи вилоятӣ пойҳои дардмандашро табобат мекунад. Худат медонӣ, ки мухлисонаш бешуморанд, зиёфату пазироӣ беҳисоб. Бо устод кайфу сафо карда мегардӣ.
— Бисёр хуб, — хурсанд мешавад шоири ҷавон.
Устод Қаноат изофа мекунад:
— Вазифаи ту он аст, ки ба устод чун писар хидматгузорӣ мекунӣ, ҳар эҳтиёҷашон, ки пайдо шуд, рафъ менамоӣ.
Рӯзи дигар Махсум Олимии хушбахт ба Хуҷанд сафар мекунад.
Воқеан, ҳар рӯз зиёфатҳои рангоранг, нӯшу неъмати беҳисоб барои устод тайёр. Коняк хоҳӣ, коняк, арақ хоҳӣ, арақ, кабобу самбӯсаву мантую оши палав ҳамеша омода. Фақат шикам даркор, ки хӯриву хӯрӣ. Устод парҳез мекарданд, боэҳтиёт ва мутобиқи нишондоди табибон рафтор доштанд. Махсум Олимии тансиҳатро Худо дода буд. Устод бо тамоми меҳрубонӣ ӯро навозиш мекарданд, мутоиба мегуфтанд, аз саргузаштҳои аҷоибу ғароиби худу ҳамқаламонашон қиссаҳо пеш меоварданд. Хулоса, рӯзҳои Махсум шоҳона мегузашт.
Як саҳар устод барвақт аз хоб бархостанд. Мушаввашхотир буданд.
Чун бо табъи хира субҳонаи мухтасар хӯрданд, ба шогирд гуфтанд:
-Махсумҷон, Хуҷандро хуб медонӣ?
— Медонам.
-Бозори Панҷшанберо дидаӣ?
— Дидаам. Чанд бор.
— Харбузаи Мирзочӯлро мешиносӣ?
— Мешиносам.
Устод аз ҷайбашон пул бароварда, ҳисоб мекунанд ва ба Махсум дароз карда мегӯянд:
— Ин пул барои рафтуомади ту ба Душанбеву Хуҷанд кифоят мекунад. Ба ин чанд пули дигар аз бозори Панҷшанбе ду харбузаи Мирзочӯл, мехарӣ, ба Душанбе меравию ба аҳли оилаам медиҳиву бармегардӣ.
Махсум сари роҳ чиптаи рафтуомадро мехараду ба бозор меравад. Дар он ҷо бо ҷӯраи бачагии ҳамдеҳааш рӯ ба рӯ меояд ва ин дидорро хеле «қайд» мекунанд.
Баъд, ду тӯрхалта харида, ба онҳо ду харбузаи калони хушбӯйи Мирзочӯлро ҷой мекунаду роҳи фурудгоҳро пеш мегирад.
Вақте ки аз зинаҳои ҳавопаймо мастона ба боло мебарояд, яке аз тӯрхалтаҳо меканад ва харбуза ба замин афтода пора – пора мешавад. «Хайр аст, — мегӯяд Махсум ба худ, — яктои дигарашро сиҳат бурда расонам, давлати калон».
Рӯзи дигар, чун Махсум ба табобатгоҳ бармегардад, мебинад, ки устод бесаброна омадани ӯро интизоранд.
Ҳамдигарро ба оғӯш мегиранд. Махсум салому дуруди аҳли оилаи устодро ба устод мерасонад.
Устод бо беқарорӣ мепурсанд:
— Харбузаҳоро бурдӣ? Ҳардуяшро бурдӣ?
Махсум хиҷлатзада мегӯяд:
— Лаънат ба ҳамин тӯрхалтаҳо. Аз риштаи пӯсида бофта шудаанд. Вақте ки аз зинаҳои ҳавопаймо боло мешудам, яке аз онҳо дарид ва як харбуза ба замин афтода, пора-пора шуд.
— Оҳ! – мегӯянд устод.
— Маро бубахшед, устод. Яки дигарашро сиҳату саломат бурда, ба дасти янга супоридам, — саросема мешавад Махсум.
Устод дигар чизе намегӯяд. Хомӯш ба хонаи истироҳатиашон медароянд. Тамоми рӯз бесухану бедимоғ мегарданд. Махсум худро сарзаниш мекунад, ки беэҳтиётӣ кард ва дар айни замон бовар надошт, ки пири хирад барои як харбуза ин қадар ғамзада мешавад.
Саҳар, ки аз хоб хестанд, ҳангоми чойнӯшӣ гуфтанд:
— Афсӯс, ки паймона пур шудааст!
Маънии ин гуфтаро Махсум баътар фаҳмид. 30 январи соли 1980, вақте ки пас аз чанд ҳафта ин воқеа устод аз олам даргузаштанд, Махсум пай бурда, ки дар ҳамин ду харбузаи Мирзочӯл рамзе будааст. Агар ду харбуза сиҳату саломат ба Душанбе мерасид…
Кӣ медонад? Шояд устод хоб дида бошанд, хобе, ки ба ҳақиқати пурасроре ишора мекард.
Дил аз ғами рафтагон дуним афтода,
Дар бодияи дарди азим афтода.
Бе марҳамати Боқию Турсунзода,
Шеъри мани чилсола ятим афтода.
ГУЛНАЗАР, Шоири халқии Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ