Ду худкушӣ дар як оила: аввал писар баъд падар

Дилшод Сангинов, сокини деҳаи Пошкенти Истаравшан як ҳафтаи баъди худкушии писараш худро овехтааст. Писари 25-солаи ӯ Зиёдулло Сангинов рӯзи 17 июл дар як қисми ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд худро ба дор кашида буд.

ХабаргузорииТоҷикТА рӯзи 26 июл хабар дод, ки марде ки писараш як ҳафта пеш дар хидмати ҳарбӣ худкушӣ карда буд, низ худро ба дор овехтааст.

Дилшод Сангинов падари Зиёдулло Сангинов аст, ки рӯзи 17 июл худро дар таҳхонаи филиали Донишкадаи низомии вазорати дифои Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба дор овехта буд.

Зиёдулло Сангинов 25 сол дошт ва як солу се моҳ пеш ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда буд. Ӯ дар қисми низомии сохтмонии рақами 14003 дар шаҳри Душанбе хидмат мекард ва ӯро бо як гурӯҳи сарбозон чанде пеш барои тармими бинои филиали Донишкадаи низомӣ ба Хуҷанд фиристода буданд.

Сабаби худкушии сарбоз ҳанӯз рӯшан нест. Ҳамхидматонаш қаблан ба сомонаи «Ахбор” гуфтанд, ки ҷасади ба дор овехтаи ин сарбозро субҳи 17 июл аз таҳхонаи донишкада пайдо кардаанд.

Ҷасади Зиёдулло Сангиновро худи ҳамон рӯз бо мошини «Ёрии таъҷилӣ” барои гӯручӯб ба Пошкент фиристоданд ва гуфтанд, ки сабабҳои худкушии ӯро додситонии низомӣ таҳқиқ мекунад.

Сабаби худкушии падари сарбоз низ рӯшан нест. Зоҳир Дилшод Сангиновро дар чунин синни ҷавон тарки зиндагӣ кардани писараш дар ҳолати яъсу навмедӣ андохтааст ва ӯ роҳи халосӣ аз ин бори гаронро дар такрори роҳи писар, яъне худкушӣ дидааст.

Ҳарсол дар Тоҷикистон то 400 нафар ба ҷони худ қасд мекунанд. Беш аз нисфи ин мавридҳои худкушӣ дар вилояти Суғд сабт мешаванд.

Мушкилоти рӯзгор, моҷароҳои хонаводагӣ ва ноумедӣ аз сабабҳои аслии худкушиҳо дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Равоншиносон мегӯянд, мутаассифона, дар Тоҷикистон низоми кумакҳои саривақти равоншиносӣ ба афроди моил ба худкушӣ ташаккул наёфтааст ва дар ҳолатҳои бӯҳронӣ чунин афрод амалан ба ҳоли худ гузошта мешаванд.

Бознашр аз сомонаи Ахбор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *