Ду кӯдак ва як ҷавон ғарқ шуданд

Чуноне ВКД мегӯяд, 23-юми июли соли равон, тахминан соати 11:30-дақиқа ҷавонписари 18-солаи сокини ноҳияи Бохтар ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Вахш” аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Барои дарёфт намудани ҷасад чорабиниҳо идома доранд.

23-юми июли соли 2017, тахминан соати 07:20-дақиқа хурдсол, писарбачаи дусолаи сокини деҳаи Н.Асадуллоеви ноҳияи Хуросон аз беэҳтиётии волидайнаш дар чоҳи оби ҳавлии истиқоматиашон афтида, ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.
22-юми июли соли ҷорӣ, тахминан соати 14:10-дақиқа, хурдсол, духтарчаи 6-солаи сокини деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб, аз беэҳтиётии волидайнаш дар дарёи “Варзоб” афтида, ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *