Ду кӯдак зери чархи мошин монданд
Рӯзи 11 июн ду кӯдаки хурдсол – яке аз дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва якеи дигар дар Файзобод – зери чархи мошинҳои раҳгузар ба ҳалокат расиданд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи якшанбе, соати 11:40 як ронандаи 27-сола аз ноҳияи Панҷ бо мошини «Опел-Вектра” дар роҳи Қӯрғонтеппа – Панҷ дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ «бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, велосипедрони ноболиғ, писарбачаи 8-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳунро пахш намудааст.” Ин кӯдак ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамон рӯзи 11 июн, соати тахминан 18 як сокини 24-солаи ноҳияи Файзобод бо мошини «Опел-Астра” «ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Таҳти-Алиф ба самти шаҳри Роғун духтарчаи 7-солаи сокини ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзободро пахш намудааст.Дар натиҷа, духтарчаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.”
Як садамаи дигар бо як сокини 26-солаи ноҳияи Бохтар рух додааст. Мошини тамғаи «Портер”-и ин мард шоми 10 июн, соати тахминан 20:30 бо дар роҳи Қӯрғонтеппа — Данғара, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бӯстон-қалъаи ноҳияи Бохтар ба сабаби аз кор баромадани муҳаррикаш ба чуқурии тақрибан 100 метр чаппа шудааст.Дар натиҷа, худи ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири ин мошин — марди 25-солаи сокини ноҳияи Данғара ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ