Ду кучаи Душанберо яксола мебанданд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе қарор кардааст, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи ду кӯчаи пойтахт барои як сол қатъ карда шавад.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ ба далели оғози таъмири роҳ ҳаракат дар кӯчаи А.Деҳлавӣ, аз хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи академик А.Адҳамов маҳдуд мешавад: “Ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар чорроҳаи кӯчаҳои А.Лоҳутӣ — А.Деҳлавӣ аз 15 октябри соли 2016 то 30 сентябри соли 2017 қатъ карда шавад”.
Инчунин Убайдуллоев қарор кардааст, ки барои азнавсозии гузаргоҳи якуми кӯчаи М.Турсунзода аз майдони 800-солагии Москва то кӯчаи Пӯлодӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз 15 октябри соли 2016 то 30 сентябри соли 2017 маҳдуд карда шавад.
Раиси Душанбе мақомоти умури дохилиро муваззаф кардааст, ки барои таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат ва амнияти шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас андешанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ