Ду куштаву 10 захмӣ. Кӣ бояд ҷавоб гӯяд?!
Муноқишаи ахири марзӣ ду кушта барҷой гузошт, ки мавриди вокуниши тунди корбарон ва аҳолии Тоҷикистон шуд. Зеро яке сокини осоиштаву дигаре ронандаи мошини Ёрии таъҷилӣ буд, ки ба гуфти сокинон дар мудҳиштарин ҷангҳо чунин ваҳшоният сурат намегирад.
Абдулатиф Шарифоф, ронандаи мошини Ёрии таъҷилии шаҳри Исфара, шоми 27 январ дар пайи муноқишаи мусаллаҳони марзӣ бо қирғизҳо ба шаҳодат расид.
Ӯ, ки захмиёнро аз маҳалли муноқиша берун мекашид мавриди ҳамлаи низомиёни қирғиз қарор гирифту гулӯлаборон шуд.
Пайвандон ва ҳамкоронаш мегуянд, ӯ ба мисли дафъаҳои қаблӣ, барои расонидани кӯмаки тиббӣ барои захмиён ба маҳалли даргирӣ ба деҳаи Сомониёни Исфара рафт, вале ҳадафи мушакборони низомиёни қирғизҳо қарор гирифту қурбон шуд.
Абдусаттор Шарифоф, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ҷузъиёти марги бародараш Абдулатифро нақл намуда чуинин баён дошт: Субҳи 27 январ ҳамроҳ бо бародараш дар маъракаи “оши наҳор”-и яке аз наздиконашон иштирок карданд, вале Абдулатиф зуд аз он маърака ба кор рафт ва бо ҳамин дигар барнагашт.
Ин ҳамсуҳбати мо зикр кард, ки бародараш он рӯз дар Маркази ёрии таъҷилӣ навбатдор буд. Баъд аз зуҳр дар деҳаи наздимарзии Сомониён бо қирғизҳо муноқиша рух дод. Бо супориши масъулони идораи тандурустӣ ӯ, барои расонидани кӯмаки тиббӣ ба маҳҳали ҳодиса сафарбар шуда ва дар ҳамонҷо шаҳид гашт.
Бино ба гуфти табибон ӯ, ҳамагӣ 62 сол дошт ва 11 сол ба ин тараф минҳайси ронанда дар Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Исфара кор мекард.
Абдулатиф Шарифоф 19 августи соли 1960 дар шаҳри Исфара таваллуд шуда, ҳудуди бист сол дар коргоҳи истеҳсоли бетонҳои оҳанин (ЖБК) кор кардааст. Баъди аз фаъолият боз мондани ин коргоҳ дар Исфара, барои кор ба Ёрии таъҷилӣ гузашта ва то дами маргаш дар ин ҷо ронандагӣ мекард.
Ӯ афзуд, марҳум бо ин ҷасуриаш дар миёни халқ машҳур буд ва дар ҳангоми рухдоди ҳолатҳои вазнини корӣ, барои мисол дар овардани тобути (груз 200) муҳоҷирон аз Фурудгоҳи Хуҷанд ба Исфара худро канор намегирифт, ҳарчанд, агар он вақт барояш рӯзи корӣ ҳам набошад.
“Дар вақти муоинаи беморони вазнин дар миёни издиҳоми бузурги одамон ва ё интиқоли мурдаҳо ба сардхона (морг) он кас ҳеҷ вақт худашонро гум намекарданд. Ба мо дар бораи ба хубӣ баромадан аз чунин ҳолатҳои ғайриоддиро ҳамеша маслиҳат медоданд. Аз ин лиҳоз он касро ҳама дӯст медошту эҳтиром мекард. Марги он кас талафоти бузург барои мо корманди тиб аст”, – изҳор дошт, Саидов.
Шаҳид шудани падар
Абдулатиф дар як оилаи одӣ дар Исфара ҳамроҳи ҳамсараш зиндагӣ мекард. Ду писараш аз ҳисоби муҳоҷират дар Русия рӯзӣ дарёфт мекунанд.
Абдуманнон писари калонии Абдулатиф дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт:
“Аз соати 22 пайваста ба телефони падарам занг мезадам, ки ҷавоб намедод. Дертар фаҳмидам, ки алакай дар суҳбат бо падарам дер кардаам. Соати 03:00-и саҳари 28 январ ба ман занг зада фаҳмониданд, ки дар пайи муноқишаи марзӣ падарам шаҳид шудаанд.
Абдуманнон ҳамроҳи бародараш аз шаҳри Сургути Русия ба Исфара омада ҳоло ҳамроҳи амакҳо ва дигар пайвандонаш пояи мотами падараш нишастаанд.
Оқибати сангзанӣ
Муноқишаи марзӣ бегоҳии рӯзи 27 январ аз сангзании қирғизҳо шурӯъ шуда, ба тирпарронии сарҳадбонони ду ҷониб боис гардид.
Дар натиҷаи низои сарҳадӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 низомӣ ва 4 сокинони мулкӣ гуфта мешавад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст.
Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рух додаи муноқишаҳои марзӣ миёни шаҳрвандони ду кишвар шудааст.
Рӯзи 29 январ раисони кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон сари як мизи музокирот нишаста дар бораи бо роҳи ҳуқуқӣ ва дар доираи манофеъи ду кишвар ҳал гардидани баҳсҳои марзӣ изҳори назар намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ