Ду медал аз «Бачагони Осиё»
Ду медал аз «Бачагони Осиё»
Бозиҳои варзишии байналмилалии «Бачагони Осиё», ки 5 июл оғоз шуда, то 17 июли соли равон дар кишвари Ёқутистони Федератсияи Русия ҷараён мегирад, барои варзишгарони навраси Тоҷикистон ду медал овард.
Тавре сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст, паҳлавони наврас Шоҳрух Саидов дар набарди гуштии тарзи озод дар вазни 35 кг ба гирифтани ҷойи дуюм ва медали нуқра мушарраф гардид. Ҳамдастаи ӯ Афзалшои Ҳикматуллҳо дар вазни то 50 кг мақоми сеюм ва ҷоизаи биринҷиро ба даст овардааст.
Ҳамзамон, таъкид карда мешавад, ки дар 11 рӯзи мусобиқаи «Бачагони Осиё» 321 маҷмӯйи медалҳо барои 22 намуди варзиш муқаррар карда шудааст. Дар онҳо зиёда аз 3,3 ҳазор варзишгарони наврас аз 38 кишвар дастаҳои мунтахаб ширкат меварзанд.
Тоҷикистонро дар бозиҳои мазкур беш аз 20 варзишгари наврас дар мусобиқаҳои бокс (писарону духтарон), гуштии тарзи озод, ҷудо ва самбо муаррифӣ мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ