Ду миллион сомонӣ ҷудо шуд. Гӯштини «Наврӯз-2022» чӣ гуна мегузарад?

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои баргузории сабқати байналмилалии гӯштин миёни мардон ва бонувон барои дарёфти Ҷоми пойтахт қарор содир кард.

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сабқати байналмилалии гӯштин миёни мардон ва бонувон барои дарёфти Ҷоми пойтахт аз 25-уми феврали соли 2022 барои баргузории ин мусобиқаҳо 2 миллион сомонӣ бо дарназардошти андозҳо ҷудо гардидааст.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, сабқати байналмилалии гӯштин аз 17 то 22-юми март дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, ки ин 3-юмин сабқати байналмилалии гӯштин миёни мардон ва бонувон барои дарёфти Ҷоми пойтахт буда, мақсади асосии он ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ гуфта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *