Ду мулоқоти Давлаталӣ Саид дар як рӯз

Давлаталӣ Саид — раиси вилояти Хатлон бо Растислав Врбенский — мушовири калони директори UNOPS (Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба хадамоти лоиҳавӣ) мулоқот кард. Ин мулоқот дирӯз дар шаҳри Бохтар сурат гирифт.

Дар ин мулоқот имкониятҳои рушди ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи иҷтимоию гуманитарӣ баррасӣ шуд.

Давлаталӣ Саид бо изҳори қаноатмандӣ аз равобити судманду самарабахши бисёрсола қайд кард, ки имсол 30-юмин солгарди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид ҷашн гирифта шуд. Ӯ гуфт: “Итминон дорам, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ ташаббуси ҷаҳониро дар Созмони Милали Муттаҳид пешбарӣ карда, ҳамкориҳоро бо тамоми сохторҳои он, аз ҷумла UNOPS тақвият медиҳад”.

Иттилоъ дода шуд, ки Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба буҳрони COVID-19 ва таъсири манфии иҷтимоию иқтисодии он тавассути таҳияи Барномаи вокуниши ҳамаҷонибаи иҷтимоию иқтисодӣ барои Тоҷикистон 61 миллион доллар кумаки фаврӣ расонидааст.

Давлаталӣ Саид зимни мулоқот бо Растислав Врбенский ҳамчунин доир ба зарфиятҳои иқтисодию тиҷоратии вилояти Хатлон маълумот дода, зикр кард, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои нав пешниҳодҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба дастгирии молиявӣ, грантҳо ва кумакҳои техникӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла барои бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ ба инобат гирифта шаванд.

Растислав Врбенский — мушовири калони директори UNOPS афзуд, ки Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади таъмини Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушд барои соли 2016-2030 дар Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба хадамоти лоиҳавӣ (UNOPS) як бахши амалиётии Созмони Милали Муттаҳид буда, лоиҳаҳоро барои системаи СММ, институтҳои байналмилалии молиявӣ, ҳукуматҳо ва дигар шарикон дар саросари ҷаҳон амалӣ менамояд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз Давлаталӣ Саид — раиси вилояти Хатлон бо Эрик Лебедел — кордори муваққатии сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат кард.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо дар суҳбат вобаста ба масъалаҳои амниятӣ, таҳкими сарҳадот, муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳои муосир — терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *