Ду мурда бар асари садама
Рӯзи 16-уми январи соли 2019, тахминан соатҳои 23:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Беков Манучеҳр Шарифбекович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Норак, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Норак ба самти ҷамоати деҳоти Чашмаи ҳамин шаҳр, дар ҳудуди деҳаи Тутқавул аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии баландиаш 50-метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Беков М.Ш. ва мусофираш Раҳмонов Беҳрӯз Илҳомович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри мазкур, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони автомашинаи мазкур: Гулмуродов Шодибек Сафарбекович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Норак ва Кабиров Акобир Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Бохтар, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.
ВКД
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ