Ду мурда дар як садама

Рӯзи 2-юми феврали соли 2019, тахминан соати 03:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чакаман” Сафаров Фаррух Қосимович, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар канори роҳ чаппа шудааст.

Дар натиҷа, худи ронанда Сафаров Ф.Қ. ва мусофираш Раҷабалиев Саидаҳмад Саидалиевич, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Ҳисор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

ВКД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *