Ду нафар дар Зафаробод ҳангоми кофтани чоҳ ба ҳалокат расидаанд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар, рӯзи 11 июл хабар дод, кит ду сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ҳангоми кандани чоҳ ба ҳалокат расидаанд.
«Марди 55-сола барои об чоҳ кофта, дар чуқурии 15 метр аз ҳуш рафт. Як ҳамдеҳаи дигар, як ҷавони 25-сола ба ӯ кӯмак карданӣ шуд, аммо натавонист. Мардҳо нафасгир шуданд”, — гуфтанд дар раёсат.
Ҷасадҳо дарёфт ва ба пулис супурда шуданд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ