Ду нафар шуғнонӣ аз тармаю ях ҳалок гардиданд

Дар  Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ҳалокати ду сокини ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон иттилоъ доданд.

Носир Суриев, раиси ҷамоати Вер имрӯз, 7-уми феврал  гуфтааст, ки як нафар ҳангоми фаромадан аз боми хона зери тарма мондаст: “Дуюмӣ кӯдаки панҷсола мебошад, ки дар соҳили дарё бозӣ карда, зери пояш яхпора шикаста, даруни об рафтааст”.

Ба гуфтаи раиси ҷамоат, водии Ғунд беш аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр баланд аст ва қабати барф зимистони имсола то 1,5 метр расидааст.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз ҳалокати ду нафари дигар дар пайи барфрезию тармафароӣ дар ВМКБ хабар дода буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *