Ду нафар вайронкунандаи тартибот боздошту ба ҳабс гирифта шуданд
Аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ду нафар шаҳрвандон — Шарифов Фаридун Қурбоналиевич, санаи таваллудаш 06.05.2003, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ ва Ҳабибуллозода Дилноза Неъматҷон, санаи таваллудаш 12.07.2002, истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш барои дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шудаанд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар натиҷаи санҷиш муайян карда шудааст, ки номбурдагон санаи 11-уми апрели соли ҷорӣ тахминан соати 13:30 дақиқа дар кӯчаи А. Фирдавсӣ, назди бозори «Саховат» байни ҳамдигар муноқиша намуда, дар баробари алфози қабеҳ ҳамзамон якдигарро зери латукӯб қарор додаанд.
— Бо назардошти навори лаҳзаи муноқишаи номбурдагон ва пурсиши шоҳидони ҳодиса нисбати ҳар ду тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Фирдавсӣ нисбати Шарипов Фаридун ҷазои маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз ва нисбати Ҳабибуллозода Дилноза ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 6 шабонарӯз татбиқ карда шуд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ