Алмосбек Отамбоев

Ду нафари наздик ба президент боздошт шуданд

Сафар Исҳоқов – нахуствазири собиқи Қирғизистон – дар доираи тафтиши фасод дар навсозии Маркази гармидиҳии Бишкек дастгир шуд.

Дар пойтахти Қирғизистон рӯзи 5-уми июн қарор кард, ки ӯ то анҷоми тафтишот дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ мемонад.

Дар ҳамин рӯз шаҳрдори собиқи Бишкек ва раҳбари пешини Хадамоти гумруки Қирғизистон Кубаничбек Қулматов низ боздошт шуд.

Сафар Исҳоқов рӯзи панҷуми июн боздошташро «комилан беадолатӣ» номид. Қаблан ӯ чанд дафъа барои бозпурсӣ ба Кумитаи амнияти миллӣ даъват шуда ва эҳтимоли боздошташро дур надониста буд.

Сафар Исҳоқов ва Кубаничбек Қулматов аз одамони наздик ба президенти собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дониста мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *