Ду орзуи Барон амалӣ шуд
Барон, рэпсаро ва блогери шинохтаи тоҷик дар саҳифаи инстаграмаш аз амалишавии ду орзуяш бо нашри як “пост”, ки дар дохилаш 10 аксу навор дошт, хабар дод.
Навору суратҳо аз Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А.С.Пушкини ноҳияи Рӯдакӣ, маконе, ки Барон таҳсил кардааст, бардошта шудаанд. Блогер дар зери онҳо чунин навиштааст:
— Имрӯз ду орзуи ман амалӣ шуд. Якум, аз синфи панҷумӣ орзу доштам, ки калон шуда, мошин дошта бошам ва дар саҳни мактаб ба мошинам оям. Дуюм, синфхонае, ки таҳсил кардаам, бо тамоми лавозимоти зарурӣ таъмин намоям. Ҳоло шукр, ки ба ин орзуҳо расидам.
Дар суратҳо дида мешавад, ки Барон бо хонандагон ва маъмурияти гимназия вохӯриву суҳбат дорад. Дар навор бошад, дар саҳни гипназия мошинронии ӯ мушоҳида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ