Ду озмуни шеър бо маблағи 3500+ 3500 сомонӣ
Иштирок намоед ва ба он соҳиб шавед!
Шеъри беҳтарин ва шеър бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо мақсади дастгирии муаллифон ва тарғиби адабиёти ноб бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии нашри аввалин шумораи «Тоҷикистон» озмуни шеъри беҳтаринро эълон намуда буд. Дар ин бахши озмун шеърҳое ворид мешаванд, ки то рӯзи эълони озмун дар «Тоҷикистон» ва дигар нашрияҳо чоп шуда буданд. Оиди ин шеърҳо хонандагон, мунаққидон, аҳли адаб метавонанд назари худро баён кунанд ва мо онро дар ҳафтанома чоп хоҳем кард.
Ҳамчунин бо хоҳиши хонандагони зиёд ҳафтаномаи «Тоҷикистон» тасмим гирифт бахшида ба 20 – солагии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ин рӯз ба баъд озмуни дигареро таҳти унвони “Шеър бахшида ба Ваҳдат” роҳандозӣ кунад. Таҳти ин гӯша шеърҳои тозаэҷод бахшида ба ваҳдат, якпорчагии давлату миллати мо ба чоп мерасанд. Дар он ҳама – аз фарди одӣ сар карда, то шоири касбӣ метавонад иштирок намояд. Шеърҳо аз рӯи ҷадвали 10 — бала баҳогузорӣ мешаванд: 6 бал аз ҷониби мутахассисони касбӣ (аъзои комиссияи озмун) ва 4 бал аз ҷониби хонандаи одӣ. Баҳодиҳӣ аз ҷониби хонанда тавассути баргае, ки дар поёни матн чоп мешавад, сурат мегирад. Шумо дар муқобили гӯшаи интихобкардаатон ишора (V) мегузоред, унвони шеъри интихобкардаатонро менависед ва баргаро ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мефиристед. (Шумо метавонед баргаи хонапурикардаатонро сурат гиред ва ба воситаи вайбер ва телеграмма бо телефони 918 79 49 38 фиристед). Маблағи мукофотпулӣ барои ғолибони озмун ба тариқи зер аст:
Шеъри беҳтарин
(шеърҳое, ки тӯли як сол, то таърихи 12. 04. 2017 дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва дигар нашрияҳо ба чоп расидаанд):
Ҷойи аввал — 2 000 сомонӣ
Ҷойи дуюм-1 000 сомонӣ
Ҷойи сеюм- 500 сомонӣ.
Шеър бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
(шеърҳое, ки аз ин рӯз ба баъд дар ин мавзӯъ дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба чоп мерасанд):
Ҷойи аввал— 2 000 сомонӣ
Ҷойи дуюм —1 000 сомонӣ
Ҷойи сеюм- 500 сомонӣ.
Озмун дар арафаи ҷашни 20 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст мегардад. Дар озмун ҳамаи муаллифоне, ки тӯли як соли охир намунаи ашъорашон дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва дигар нашрияҳо ба чоп расидаанд, ширкат мекунанд. Шеъри беҳтарин бо ҳамовозии хонандагон ва хулосаи ҳайҳати ҳакамони озмун муайян карда мешавад.
Иштирок намоед ва сазовори дипломи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва мукофотҳои пулӣ гардед.
E-mail: [email protected], 238-54-51
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ