Ду паҳлавони тоҷик ба Ҳонгконг мераванд

Садр Боев ва Шӯҳрат Карликов, паҳлавонони тоҷик, дар мусобиқоти бози ҷудои Осиё (Hong Kong Asian Open 2017), ки рӯзҳои 9-10 декабр дар Ҳонконг баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқоти бози ҷудои Осиё дар Ҳонконг ширкати беш аз 180 варзишгар (мардону занон) аз 22 кишвари чаҳор қитъаи олам дар назар аст.

Ба иттилои ин манбаъ, Тоҷикистонро дар ин мусобиқот Садр Боев дар вазни зери 81 кило ва Шӯҳрат Карликов дар вазни зери 100 кило намояндагӣ мекунанд.

Дар рӯзи аввали мусобиқот – 9-уми декабр — варзишгарон барои медалҳо дар се вазн миёни занон: -48 кг, -52 кг, -57 кг ва дар чаҳор вазн байни мардон: -60 кг, -66 кг, -73 кг ва -81 кг мубориза мебаранд. Дар рӯзи дувуми мусобиқот – 10-уми декабр – занон дар чаҳор вазн: -63 кг, -70 кг, -78 кг, +78 кг ва мардон дар се вазн: -90кг, -100 кг ва +100 кг рақобат мекунанд.

Ёдовар мешавем, моҳи майи соли равон дар Ҳонконг мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё баргузор шуда буд. Дар ин мусобиқот 244 варзишгар (140 мард ва 104 зан) аз 28 кишвар ширкат дошт. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳафт гуштигир дохил буд. Паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило дувумин бор ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт ва соҳиби медали тилло гардид.

Сӯҳроб Боқиев дар вазни зери 60 кило ва Саидҷалол Саидов дар вазни зери 100 кило ҷойҳои панҷум, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни зери 73 кило мақоми ҳафтумро касб намуданд. Вале Хушқадам Хусравов дар вазни зери 66 кило, Саидмухтор Расулов дар вазни зери 73 кило ва

Садр Боев дар вазни зери 81 кило дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *