Ду рӯз ноҳияи И. Сомонӣ бе барқ мемонад

Бо сабаби корҳои таъмирӣ, рӯзи 8 ва 9 март аз соати 08:00 то 17:00 дар як қисми кӯчаҳои ноҳияи И. Сомонӣ интиқоли барқ муваққатан қатъ мешавад.

Тибқи иттилои «Шабакаҳои тақсимоти барқ», дар чунин маҳаллаҳо нерӯи барқ қатъ мегардад:

▪️ Хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои И. Сомонӣ, Л. Шералӣ, М. Турсунзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Некрасов, Бохтар, Ойгул, М. Холов, Пушкин;

▪️ ҶСП «Ориёнбонк», Хонаи нависандагон, меҳмонхонаҳои «Авесто» ва «Тоҷикистон», чойхонаи «Роҳат»;

▪️ Иншооти муҳими шаҳр, аз ҷумла Маҷлиси Олӣ, Хонаи Радио, бинои ВКД, КДАМ, Хадамоти алоқа ва Вазорати мудофиа.

Манбаъ мегӯяд, барқ дар баъзе мавридҳо пеш аз муҳлати таъйиншуда пайваст карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image