Ду ректори муассисаи олии Белорус дар ДТТ ба номи академик Осимӣ
Ду ректори муассисаи олии Белорус аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дидан кардаанд.
Имрӯз,12 октябр ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Давлатзода Қудрат Қамбар ва ректори Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Беларус Богуш Вадим Анатольевич мулоқот анҷом доданд.
Роҳбарони ду макотиби олӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар самти омода намудани муҳандисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба бозори меҳнат иброзӣ назар намудаанд.
Дар ин рӯз ҳамчунин, ректори Донишгоҳи миллии техникии Беларус Харитончик Сергей Васильевич бо ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Давлатзода Қудрат Қамбар мулоқот кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳо дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, табодули донишҷӯён ва ҳайати профессорону омӯзгорон, баргузории олимпиадаҳои тахассусӣ, нашри мақоллаҳои илмии ду ҷониб дар маҷаллаҳои байналмилалӣ, баргузории конференсияҳо, такмили ихтисоси кормандон ва имконияти давом додани таҳсил дар муассисаҳои таълимии тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ