Ду сабаби ба истифода надодани эстакадаи сетабақа дар Душанбе

Нуралӣ Арабзода, директори Маркази татбиқи лоиҳаҳо ва таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон сабаби сари вақт ба истифода надодани эстакадаи сетабақа дар маҳаллаи шаҳраки «Шифобахш» воқеъ дар назди Ширкати “Барқи тоҷик”-ро шарҳ дод.

Ин эстакада қарор буд, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз ба истифода дода мешуд, аммо ин кор то имрӯз амалӣ нагашт. Нуралӣ Арабзода яке аз сабабҳои таъхир дар истифода додани эстакада хуруҷи бемории СОVID-19 бошад, аз тарафи дигар ин хобондани намуди нави асфалт аст. “Ин асфалтро аз Олмон дастрас кардем, ки аз ба боду ҳаво вобастагии зич дошт. Асфалт бояд дар ҳарорати 20 дараҷа хобонда шавад. Аммо боришоти рӯзҳои охир ба мо имкон надод, ки асфалтро мувофиқи нақша хобонем. Айни ҳол дар баъзе қисматҳои роҳ хобондани асфалт ва сабзкорию гулкорӣ ва аломатгузорӣ мондааст. Кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки то моҳи май роҳро ба истифода диҳем”, гуфт директори корхона.

Арабзода Нуралӣ илова намуд, ки моҳи январи имсол бештари коргарони чиноӣ барои ҷашни соли нав ба ватанашон баргаштанд, Аммо чун бемории COVID-19 дар он хуруҷ кард, онҳо натавонистанд ба Тоҷикистон баргарданд.

Ҳамчунин, ӯ гуфт, ки баъзе аз маҳсулот барои иҷрои корҳо бояд аз Чин оварда мешуд, аммо ба сабаби қатъи воридот мо аз маҳсулоти ватанӣ истифода кардем.

Дар чаҳорчӯбаи бозсозии ин қитъаи роҳ сохтмони ду пули мошингузар дар маҳаллаи бемористонҳои «Гастроэнтрология» ва «Таваллудхонаи рақами 3» дар назар аст. Айни замон корҳои сохмтони дар ин ду иншоот низ анҷом ёфтааст.
Ёдрас мешавем, ки сармоягузории тарҳи бозсозии қитъаи роҳи мошингард аз назди пайкараи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии Душанберо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба уҳда дорад.
Эстакадаи якум дар бурриши хиёбони ба номи Бобоҷон Ғафуров ва Нусратулло Махсум ду сол қабл мавриди истифода қарор дода шуд. Вале аз сабаби оне, ки эстакадаи дуюм ҳоло ҳам ба истифода дода нашудааст, ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳи сесатҳа танҳо дар як самт имкон дорад. Дар фосилаи се соли охир, ки сохтмони ин ду эстакада идома дорад, баъзе сокинони пойтахти Тоҷикистон дар бунбасти иртиботӣ қарор доранд.

Ба гуфтаи Арабзода бозсозии қитъаи роҳи мошингарди «Муҷассамаи Абӯалӣ Сино то дарвозаи ғарбӣ» дар чаҳорчӯбаи барномаи «Генплан» ё Бозсозии шаҳри Душанбе ва ба хотири пешгирӣ аз танбашавии мошинҳо дар яке аз хиёбонҳои марказии пойтахти Тоҷикистон рӯйи кор омадааст. Ин роҳ ғарби Душанберо бо маркази шаҳр мепайвандад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *