Ду садама-ду кушта
Рӯзи гузашта бар асари садами нақлиётӣ дар Тоҷикистон ду нафар ҷон бохтаанд. Ду рӯзе қабл дар як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон чаҳор нафар, аз ҷумла, ду кӯдак ҳалок шуданд.
Рӯзи гузашта бар асари садами нақлиётӣ дар Тоҷикистон ду нафар ҷон бохтаанд. Ду рӯзе қабл дар як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон чаҳор нафар, аз ҷумла, ду кӯдак ҳалок шуданд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 3 июн Элдор Аҳмадов, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” ва сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Ғулакандоз-Меҳробод” аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст.
Бар асари ин садама мусофири автомашина Заррина Саидоваи 25-сола дар маҳали ҳодиса ҳалок шуда ва ронанда бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудааст.
Рӯзи 2-юми июни соли 2019 Ҷумъаназар Гулбоев, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тико-Дайво», сокини деҳаи Хоҷабулбулони ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат ба ҷӯйбори канори роҳ чаппа шуда ва ба ҳалокат расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ