Ду садамаи нақлиёти дар як рӯз. Се нафар ба ҳалокат расиданд
Бар асари бархӯрди автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-180» бо «Мерседес-Атего», дар шоҳроҳи Чаноқ-Душанбе ду нафар ба ҳалокат расид.
Қурбониёни садама ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Сотиболдиев А.Ҷ. ва мусофири он Қарабоев Зиёвиддин Мусоевич, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Турсунзода, будаанд.
Инчунин дар санаи мазкур ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Аванте”, дар шоҳроҳи “Бохтар-Душанбе”, бо сабаби номусоид будани боду ҳаво ва боришоти борон қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, бо суръати баланд ҳаракат карда, автомашинаашро ба чуқурии канори роҳ чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Шомудинов Ҷалолуддин Саидҷонович, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, бо гирифтани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оиди ин ҳодисаҳо таҳқиқот ҳоло идома дорад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ