Ду садамаи нақлиётии марговар дар як рӯз (аудио)

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз рух додани ду садамаи нақлиётие хабар дод, ки талафоти ҷонӣ дар пай доштаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, 10-уми сентябри соли 2022 тахминан соати 12:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Муҳамммадиев Ҷамшед Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1976, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Конибодом-Деҳмой», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, ҳангоми сабқат муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Исмоилов Файзалӣ Шералиевич, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Конибодом бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Умурзоқова Шоира, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Инчунин, 10-уми сентябри соли 2022 тахминан соати 14:10 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Абдуллозода Мақсадҷон Фатхулло, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди кӯчаи С. Шерозӣ аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагард Ҳасанова Макнуна Ҳасановна, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Айниро пахш намуда, баъдан ба автомашинаи тамғаи «Фолксваген Поло», ронандааш Мадисоев Маҳмадуло Маризоевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе бармехӯрад. Дар натиҷа пиёдагарди мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронандагон дар беморхона бистарӣ гардида, ҳамонҷо ба ҳалокат мерасад.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *