Ду садамаву 4 марг

Рӯзи 17-уми феврали соли 2019, тахминан соатҳои 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВМВ-3181», Маҷидов Абдуғаффор Ҳакимович, соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб”, дар ҳудуди ноҳияи Данғара, аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи шаҳрванд, Холматов Ҷаҳонгир Умурзоқович, соли таваллудаш 1991, сокини деҳаи Гулафшони ноҳияи Данғара, ки аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Норак ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаҳои воситаҳои нақлиётӣ: Маҷидов А.Ҳ. ва Холматов Ҷ.У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дар дохили автомашинаи тамғаи «ВМВ-3181» буда, шаҳрванд Назарова Зебуниссо, соли таваллудаш 1956, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор ва мусофири дар дохили автомашинаи “Мерседес Бенс” буда, шаҳрванд Сулаймонов Илҳом Баротович, соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи ноҳияи Данғара, ба саломатиашон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин мусофири автомашинаи “Мерседес-Бенс” шаҳрванд, Эшмуродов Нурмаҳмад Қулмаҳмадович, соли таваллудаш 1990 ва мусофири автомашинаи «ВМВ-3181» шаҳрванд Азимова Сайлигул Саидовна, соли таваллудаш 1988, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *