Ду ташхиси тиббии ройгон дар моҳи март
Озмоишгоҳи миллии референсӣ-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар аз 1 то 8 марти соли равон ба тамоми занону духтарони мамлакат ташхиси се намуд кандидоз-албиканс, глабрата, круз, хун барои уфунат ва гепатити Б-ро ба таври ройгон ба роҳ мемонад. Дар ин бора хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Гуфта мешавад, ки озмоишгоҳи мазкур бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз 1 то 21 марти соли равон тамоми шаҳрвандони мамлакатро ба ташхиси ройгон барои муайян кардани диабети қанд, хун барои уфунат ва гепатити Б фаро хоҳад гирифт.
Хоҳишманон метавонанд наҳорӣ накарда, аз соати 8-и субҳ то то 11-и рӯз ба озмоишгоҳи мазкур муроҷиат намоянд. Суроға: шаҳри Душанбе, шаҳраки Шифобахш (Қараболо).
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ