Ду тоҷик соҳибкори русро куштанд

Мақомоти тафтишотии шаҳри Новокузнетски Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар қатли фармоишии як соҳибкори маҳаллӣ айбдор карда, мегӯянд, ки ин киллерҳо бо фармоиши як шаҳрванди дигари Тоҷикистон қасди куштани ин соҳибкорро кардаанд.

Шӯъбаи тафтишоти шаҳри Новокузнетски вилояти Кемеровои Русия тафтиши парвандаи сӯиқасд ба ҷони як соҳибкори маҳаллӣ дар моҳи декабри соли 2016-ро анҷом додааст.

Анна Железко, сармуфаттиши шӯъбаи тафтишоти шаҳри Новокузнетск ба нашрияи маҳаллии «Город Новостей» гуфт, дар ин ҷиноят се зодаи Тоҷикистон айбдор мешаванд: «Дар ҳоли ҳозир як нафар аз гумонбарон дастгир шудааст. Ба зидди ӯ бо иттиҳоми қасди куштор аз тарафи гурӯҳи афрод бо маслиҳати пешакӣ айбнома эълон шуда, парванда алакай барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.»

Моҳи декабри соли 2016 як соҳибкори сокини шаҳри Новокузнетск дар назди манзлиаш дар кӯчаи Павловский ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Вақте соҳибкор мехост ба мошинаш нишинад, ду нафар ӯро гирд карданд. Яке аз онҳо соҳибкорро дошт ва дувумӣ бо корд гулӯяшро бурид. Баъди ин ҳарду ҳамлагар аз ҷои ҳодиса фирор карданд.

Бо вуҷуди ҷароҳати вазнин ҷабрдида тавонист ки худро мустақилона то наздиктарин беморхона бирасонад ва табибон ӯро аз марг наҷот доданд.

Анна Железко мегӯяд, дар ҷараёни тафтиш ба мақомоти интизомӣ муяссар шуд, ки ин ҷиноятро ошкор ва нафақат ҳамлагарон, балки фармоишгари сӯиқасд ба ҷони соҳибкорро низ маълум кунанд. Ба ақидаи тафтишот, ин сӯиқасдро ду зодаи Тоҷикистон бо фармоиши як ҳамватани дигарашон анҷом додаанд.

Тафтишот мегӯяд, нафаре, ки фармоишгари ин сӯиқасд шумурда мешавад, дар Новокузнетск ба тиҷорат машғул буд ва аз соҳибкоре, ки ҳадафи ҳамла қарор гирифт, маблағи калон қарздор шуда, мехостааст бо нобуд кардани вай аз ин бори гарони қарз худро халос кунад.

Тафтишот исми гумонбаронро ошкор намекунад, вале мегӯяд, як нафар аз онҳо дар боздошт қарор дошта, ҷустуҷӯи ду гумонбари дигар идома дорад. Бино ба маълумоти мақомоти тафтишотии Новокузнетск ҳардуи онҳо алакай аз Русия фирор кардаанд.

Бино ба охирин оморҳо, дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Русия беш аз 8 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Бахши аъзами онҳо бо ҷурмҳое, чун қочоқи маводи мухаддир, тақаллуби аснод ва узвият дар созмонҳои ифротиву террористӣ маҳкум шудаанд.

То кунун дар бораи боздошт ва маҳкум шудани зодагони Тоҷикистон дар Русия бо ҷиноятҳои сангине, чун куштору раҳзанӣ низ гузоришҳо ба даст мерасид, вале ин бори аввал аст, ки хабари ба қасди куштори фармоишӣ айбдор шудани зодагони Тоҷикистон ва ба фармоиши як зодаи Тоҷикистон анҷом шудани ин сӯиқасд гузориш мешавад.

Шаҳри Новокузнетск бо 550 ҳазор аҳолӣ дувумин шаҳри бузурги вилояти Кемерово ва яке аз марказҳои умдаи саноатии ҳам минтақаи Кузбасс ва ҳам тамоми Русия ба шумор меравад. Дар ин шаҳр садҳо муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *