Ду тоҷикро бо маводи тарканда дастгир карданд
Додгоҳи Ставрополи Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар маҷмӯъ ба муҳлати 12,5 сол равонаи зиндон кардааст.
Бино ба иттилои додситонӣ, онҳо дар нигоҳ доштани маводи тарканда ва силоҳу аслиҳа муҷрим шинохта шудаанд. Дар иттилоияи додситонӣ омадааст, “додгоҳ муайян намуд, ки ин ду нафар, ки яке 27 ва дигарӣ 33 сол доранд, давоми се сол дар манзили худ силоҳ ва маводи мунфаҷира нигоҳ доштаанд”.
Маводи таркандаро кормандони Хадамоти федеролии амниятӣ ё ФСБ мусодира карданд ва бо ҳукми додгоҳ яке аз ин зодаҳои Тоҷикистон 5,5 ва дигарӣ 7 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
Гунаҳкорон ҳамчунин ба маблағи 270 ҳазор рубл ҷарима шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ