Ду задухӯрд дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон (аудио)
— Дар давоми рӯз миёни марзбонони Қирғизистону Тоҷикистон ду задухӯрд рух додааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса ҷароҳатбардоштагон низ ҳастанд,- хабар медиҳад Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 12-уми апрел дар саҳифаи фейсбукии худ (мутааллиқ ба созмони «Мета», ки дар Федератсияи Русия экстремистӣ эътироф шудааст).
Тавре зикр гардидааст, ҳангоми иҷрои вазифа марзбонони ду кишвар дар вилояти Бодканд мулоқот кардаанд. Қирғизҳо аз рӯи кинаву адоват назаре бар он доранд, ки отряди Тоҷикистон марзро 20 метр убур кардааст. Ин боис ба он гардида, ки тирпарронӣ оғоз гардидааст. Аз рӯи маълумоти пешакӣ, як низомии Тоҷикистон сахт захмӣ шудааст.
Амнияти миллии Қирғизистон меафзояд, ки боз як оташфишонӣ ба амал омада, ки тақрибан 30 дақиқа давом кардааст. «Дар натиҷаи ин тирпарронӣ як корманди Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон захмӣ шудааст»,- омадааст дар хабар.
Ба гуфтаи хадамоти марзбонии Қирғизистон, пас аз ин ҳодиса ҷониби Тоҷикистон аз миномёт ба сӯи рустои Достуки Қирғизистон тир холӣ кардааст.
Ин иғвои навбатӣ дар моҳи мубораки Рамазон рух дода, мардуми осоиштаи наздисарҳадии Тоҷикистонро ба шӯр овард. Онҳо умед бар он доштанд, ки дар кишвари худ метавонанд озодона гаштугузор намоянд. Ва касеро гумон бар он набуд, ки дар ин моҳи шарифи Рамазон дар хонаи худаш тоҷикро тирборон мекунанд. Ва ин дард то ба кай давом мекарда бошад? Кӣ метавонад муйро аз хамир ҷудо намуда, байни ин ду миллати ба ҳам дӯсту бародар хони дӯстиро густурда, онҳоро ба ҳам биоварад?
Гумони ғолиб он аст, ки пеш аз ҳама худи ҷонибҳо барои ҳамдигар гузашт намоянд, вагарна ҳич қуввае наметавонад онҳоро сари мизи гуфтушунид бишинонад. Ин ҷо моро зарур аст, ки дар тамоми масоили ҷойдошта оқилона рафтор карда, барои мӯйро аз хамир ҷудо кардан муйшикофона рафтор карда, тарафҳоро ба сари мизи гуфтушунид шинонем.
Ба раванди масъала аз нигоҳи таърих тарзе бояд дидадӯзӣ кард, ки ҳич як ҷониб ба он навтавонад эроде пеш оварад. Ба ҳамаи ин гирудорҳо таърих худ баҳои ҳаққониву пухтаеро бозгӯ мегардад. Мо бояд сари ин масъалаи ба миён омада бо назардошти халқияту миллату маҳал баҳои ҳаққонӣ бидиҳем.
То он ҳама кинаву адоват хомӯш гардида, мо боз бо ҳам оғӯши меҳру муҳаббат боз кунем. Дар акси ҳол, кӣ медонад, боз чиҳое сари ин ду миллати азияткашида бор хоҳад гашт.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ