Дубли Салоҳ  “Ливерпул”-ро ба зинаи дуюм баровард

Ҳамлагари мисрии дастаи “Ливерпул” — Муҳаммад Салоҳ дар бозии даври 12-уми Премйер-Лигаи Англия бо дастаи «Брентфорд» (3:0) дубл кард ва ин голи 200-уми  ӯ  дар ҳайати дастаҳои англисӣ буд.

«Ливерпул» дар даври 12-уми чемпионати Англия дар майдони худ бар «Брентфорд» ғалабаи калон ба даст овард. Вохурй бо хисоби 3:0 анчом ёфт. Дар ҳайати сурхҳо Муҳаммад Салоҳ ду гол (39, 62) ва як голи дигар Диого Ҷота (74) заданд.

«Ливерпул» бо 27 имтиёз дар ҷои дуюм, «Брентфорд» бо 16 имтиёз дар ҷои 10-ум мебошанд.

Ҳамлагари 31-сола дар ҳайати «Ливерпул» 198 гол ва дар ҳайати «Челси» ду гол задааст. Салоҳ тобистони соли 2017 аз ҳайати «Рома» ба тими “Ливерпул” гузашта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *