Дуди ангишт ҷони се аъзои як оиларо гирифт
Дар Душанбе се аъзои як хонавода аз дуди ангиш ҳалок шудаанд.
Фоҷеа шаби 8- уми декабр дар маҳаллаи «Хуҷамбиёи поён»-и пойтахт рух додаааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтааст, модару духтарон ҳангоми хоб бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон бохтаанд. Фафтидагон модари 42-сола ва ду духтари 21 ва 3-солааш гуфта шудааст.
Дар робита ба ин КҲФ аз шаҳрвандон хостааст, ки вақти истифода аз бухориҳои аловӣ аз эҳтиёт кор бигиранд.
Ҳар сол бо сард гаштани ҳаво дар кишвар ингуна ҳодисаҳо рух медиҳад. Дар аввали соли равон ҳам дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон як зану шавҳари ҷавон бар асари дуди ангишт дар дохили ҳаммом ҷон дода буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ