Дуди ангишт зану шавҳарро кушт

Ду нафар сокинони деҳаи Гулрези ҷамаоти деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор аз бӯи гази ангишти бухории худсоз (сандалӣ) заҳролуд шуда ва ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи мақомот, ҳодиса шаби 11 январ рух дода ва дар пайи он Абдусамади 55-сола ва ҳамсари 54-солаи ӯ ҷон бохтаанд. Наздикони ин хонавода гуфтанд, ки фарзандони ин зану шавҳар, ҷасадҳои волидони худро субҳ фавтида дарёфтанд. Маросими ҷанозаи ин зану шавҳар рӯзи 11 январ баргузор шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *