Дугоникҳои сиамиро ҷудо карданд
Табибон намедонистанд ба модари ин тифлакон чӣ маслиҳат диҳанд, зеро ҳарду духтарча мағзи сари алоҳида дошта бошанд ҳам, каллаҳояшон бо рагҳои ғафс ба ҳам часпида, гузаронидани ҷарроҳӣ ниҳоят хатарнок буд.
Изабел ва Исадора Фрейтас аввалин дугоникҳои сарчаспида дар таърихи Бразилия ҳастанд.
Сараввал табибон намедонистанд ба модари ин тифлакон чӣ маслиҳат диҳанд, зеро ҳарду духтарча мағзи сари алоҳида дошта бошанд ҳам, каллаҳояшон бо рагҳои ғафс ба ҳам часпида, гузаронидани ҷарроҳӣ ниҳоят хатарнок буд.
Дугоникҳои каллачаспида
Барои ҷудо кардани духтарчаҳо аз тамоми ҷаҳон бригадаи табибони машҳурро ҷамъ оварданд.
Баъди 4 ҷарроҳӣ, ки охиринаш 15 соат давом кард, дугоникҳои дусола аз ҳам ҷудо шуданд.
Аз ин ҷарроҳӣ панҷ моҳ гузашта, имрӯз саломатии хоҳарон хеле хуб аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ