Духтараки ҳисорӣ худашро ба дарё партофт, вале…
Як ҳодисаю сад гумон
Сокини шаҳри Ҳисор Комила Асоева худро аз болои пул ба дарёи бе об партофт ва бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона афтид. Кӣ ё чӣ ин духтараки 17-соларо ба қасди худкушӣ намудан водор сохт? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан, мо роҳи Ҳисорро пеш гирифтем.
Раҳораҳ бо чанд нафар сокинони ноҳияи Ҳисор, ки аз ин ҳодиса хабардор будаанд, ҳамсуҳбат гашта, назарашонро пурсон шудем. Онҳо бо шарти зикр накардани ному насабашон дар газета ба суҳбат розӣ шуда, иброз доштанд, ки Комила ва апааш дар айёми кӯдакӣ аз падару модар ҷудо шудаанд ва ин хоҳаронро Чуҳрӣ ном зан ба тарбияи худ гирифта, ба воя расонидааст. Аз рӯйи гуфти онҳо дар хонаи модархондашон ин духтарон чандон рӯзи хуш надоштаанд ва аз ҳамин сабаб Комила қасди худкушӣ намудааст…
Ҷуҳрӣ Асоева:
Падару модарашон зинда буданд, вале…
Бо ҷустуҷӯҳои зиёд мо рақами телефони модархонди Комила-Чуҳрӣ Асоеваро пайдо намуда, хостем бо ин зан аз наздик суҳбат намоем, вале ӯ аз вохӯрӣ бо мо сарпечӣ намуда, гуфт, ки сахт серкор аст. Хоҳиш кардем, ки ақаллан тавассути телефон ба чанд саволи мо ҷавоб гуфта ба ин масъала равшанӣ андозад. Асоева ин хоҳиши моро пазируфт.
—Шумо Комила ва апаашро аз куҷо пайдо кардед?
-Аз қади кӯча.
-Ҳамон вақт онҳо чандсола буданд?
-Ҳамагӣ 4-5- сола буданд.
-Дар бораи волидонашон ягон маълумот доред? Падару модари аслии ин духтарҳо дар қайди ҳаёт буданд ё… ?
-Падару модараш зинда буданд, вале намедонам бо кадом сабаб бошад, ки онҳоро партофтанд. Ин духтарчаҳо дар кӯча монда буданд. Ман аз дилсӯзӣ онҳоро ба тарбияи худ гирифта, калон кардам.
-Мегӯянд, ки Комила дар хонаи шумо азоби сахт мекашидааст ва гирифтори фишори равонию ҷисмонӣ будааст. Ин овозаҳо ягон асос доранд?
-Ман онҳоро дар кӯдакиашон озору шиканҷа надодам, магар акнун азоб медиҳам?!
-Модар аз ҳама розу ниёзи дили фарзанд бохабар аст. Шумо ин духтараконро аз 5-6 солагиашон ба тарбияи худ гирифтаед ва бе гуфтугӯ барои Комила ва апааш модар ҳисоб мешавед. Ба фикри шумо чаро духтаратон Комила қасди худкушӣ кард?
-Намедонам. Вай худаш табиатан бисёр духтари якрав аст. Ба гапам гӯш намедод, ҳамеша аз хона гурехта мерафт.
-Ба куҷо мерафт?
-Намедонам, доим қаҳр карда, баромада мерафт!
-Баъзеҳо мегӯянд, ки духтарак дар дилаш дарду алами бисёре доштааст, вале ягон розшунав наёфта, билохира худашро аз болои пул партофтааст…
—Шумо гуфтаниед, ки ман ӯро азоб медодам?! Бубахшед, вале ман дигар намехоҳам сари ин масъала суҳбат кунам…
Мо намехостем ин занро ранҷонем ё гунаҳкор намоем, мақсади мо танҳо ба як савол ҷавоб ёфтан буд, ки бо кадом сабаб Комила худашро ба дарё партофтааст, вале Асоева сахт ба ғазаб омада, телефонашро хомӯш кард. Чораи дигар наёфта, мо роҳи беморхонаи марказии шаҳри Ҳисорро пеш гирифтем, то бо худи ҷабрдида суҳбат карда, сабаби қасди худкушӣ намуданашро пурсон шавем.
Хуршеда, апаи Комила:
Модар фарзандашро ҷанг мекунад, то ки…
Пуле, ки Комила худро аз болои он ба дарё партофт
Бар асари ин ҳодисаи нохуш пойҳои Комила шикастаанду духтарак роҳ гашта наметавонад. Ӯро дар шуъбаи ҷарроҳӣ-осебшиносӣ бистарӣ намудаанд. Парастори Комила апааш Хуршеда будааст, аз ҳамин хотир, мо суҳбатро аз ӯ оғоз намудем.
—Хуршеда, маъзарат мехоҳам, агар саволи мо боиси нороҳатиатон гардад, вале як чизро фаҳмидан мехостем, ки волидони аслиатон куҷоянд ва чаро аз шумо рӯй гардондаанд?
—Ман падару модари аслиамро дар хотир надорам ва намедонам, ки Чуҳрӣ Асоева моро аз куҷо ёфта ба тарбияи худ гирифтааст. Фақат ҳамин қадараш дар ёдам ҳаст, ки вақти ба хонаи ин зан омаданамон ману Комила 5-6- сола будем.
-Овозаҳо дар бораи он ки гӯё шумо ва хоҳаратон Комила дар манзили ин зан зери фишори руҳию равонӣ қарор доштаед, то куҷо ҳақиқат дорад?
-Ҳама модар ҷанг мекунад, то ки фарзандаш ба роҳи рост равад. Кӯдаки ман ҳамагӣ якунимсола аст, лекин ҷояш биёяд, дод мезанам, ҷанг мекунам. Ман нисбати зане, ки моро модарвор тарбият кардааст, ягон сухани ноҷо гуфтанӣ нестам, чунки ӯ дар баробари фарзандони худаш моро бо азобу ранҷ калон кард. Бояд қайд намоям, ки асабҳои хоҳарам каме хароб аст, бо андак гапи ноҷо зуд асабонӣ шуда, ҷангу хархаша мебардорад ва қаҳр карда аз хона баромада меравад.
-Яъне, шумо дар ин ҳодиса худи хоҳаратонро гунаҳкор меҳисобед?
-Ман зани шавҳардор ҳастам ва зиндагиам алоҳида аст. Дар вақти сар задани ин ҳодиса набудам, барои ҳамин чизе гуфта наметавонам.
Комила Асоева, ҷабрдида:
Обид ба ҷогаҳам медаромад
-Комилаҷон, худро чӣ тавр ҳис мекунӣ?
-Айни замон ҳолам назар ба рӯзҳои пешин хеле беҳтар шудааст. Фишори хуну ҳароратамро диданд, хуб аст.
-Туро ягон кас азоб медод, ки худатро аз болои кӯпрук партофтӣ?
-“Ба магазин рафтӣ” гуфта, Обид маро бо ремент зад.
-Обид кист?
-Бачаи ҳамон занак. Вақте маро зад, гурехта дар хонаи Манижаашон рафта пинҳон шудам. Чор моҳ дар хонаи онҳо истодам. Як бори дигар заданд, гурехта ба милисахона рафтам. Ба милисаҳо гуфтам, ки агар маро боз ба ҳамон хона баред, худамро мекушам.
-Комила, ту модари аслиатро дар ёд дорӣ? Дар умрат ягон бор ӯро дидаӣ ё не?
-Маро ин зан дар панҷсолагиам ба тарбияи худ гирифт, вале то синфи панҷ шуданам ҳамеша гурехта ба назди модари худам мерафтам. Баъдтар аз куҷое Обид хабардор шуд ва ҳамроҳи ҷӯрааш модарамро зада, маро аз дасташ гирифтанд. Бо ҳамин ман дигар ӯро надидам. Дертар шунидам, ки вафот кардааст. Ин модарам мегӯяд, ки очаат дар сари суд гуфт, ки агар духтаронамро диҳед, онҳоро оташ мезанам, лекин ман медонам, ки вай дурӯғ мегӯяд. Чанд рӯз пеш як зане, ки бори аввал ӯ моро ба тарбияи худаш гирифта будааст, ба ҳуҷраи мо ба аёдати як пайвандаш омад ва гуфт, ки модарат туро бисёр дӯст медошт.
-Байни ту ва модархондат аз рӯйи чӣ нофаҳмӣ сар мезад? Аз уҳдаи кору бори хона намебаромадӣ ё ягон кори хато мекардӣ?
—Маро бисёртар бачааш ғам медод. Ҳамон Обиде, ки гуфтам, даруни ҷойгаҳам даромада либосҳояшро мебаровард. Дод мегуфтам, ки убол аст, охир ту акаам мешавӣ. Дар ҷавоб мегуфт, ки убол нест, ту хоҳари ман нестӣ…
-Дар ин бора ба модараш хабар надодӣ?
—Гуфтам, вале ба гапҳои ман бовар накард. Мегуфт, ки ту бачаи маро туҳмат мекунӣ.
Салима чӣ мегӯяд?
Салима Алиева, сокини шаҳри Ҳисор мебошад. Комила ин занро ҳамчун модар қабул карда, ҳамеша дарди дилашро ба ӯ мегуфтааст ва ҳатто муддати чор моҳ дар хонаи онҳо паноҳ бурдааст. Вақте ки мо аз ин зан тақдири Комиларо пурсон шудем, оҳи сард кашида гуфт:
—Комила бисёр духтараки азобдида аст. Вай рӯзи 28-уми августи соли 2016 аз хонаи модархондаш гурехта ба хонаи мо омад. Бегоҳ Чуҳрӣ ҳамроҳи дӯсти хонаводагиашон Сайфулло ва милисаҳо ба ҷустуҷӯи Комила омаданд, вале мо қоил нашудем, ки духтарак дар хонаамон аст, чунки Комила қасам хӯрда буд, ки агар ӯро дубора ба ҳамон хона баранд, худашро мекушад. Ҳамин тариқ чор моҳ ӯро пинҳон кардем. Як рӯз бари тафтиши шиносномаҳо омаданд. Комила якбора аз хона баромада ба даст афтид. Ӯро ба мошин савор карда, гуфтанд, ки ба шуъбаи милитсия мебарем. Аз қафои онҳо ба шуъба рафтам, вале посбон гуфт, ки чунин одамро наовардаанд. Баъдтар маълум шуд, ки Комиларо ба хонаи апааш бурданд. Худи Комила ба мо занг зада гуфт, ки ман дар хонаи апаам ҳастам. Ҳаёти мушкил дошт ин духтарак…
-Комила ҳама сирру асрори дилашро ба шумо мегуфтааст. Чаро ӯро ба ягон мақомоти дахлдор буда, хоҳиш накардед, ки дарди дили ин духтаракро шунида, ягон чора андешанд?
—Муроҷиат кардам. Рӯзи 29-уми октябри соли ҷорӣ Комила дубора ба хонаам баргашту хоҳиш кард, ки ӯро ба ягон идораи додшунав барам. Аз раиси маҳалла пурсидам, ки ӯро ба куҷо барам? Маслиҳат дод, ки ба шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳрамон муроҷиат намоем. Ман худи ҳамон рӯз Комиларо ба назди Миҷгона Каримова бурдам. Миҷгона гуфт, ки барои интихоби ҷои зисти ҳамешагиаш 4 моҳи дигар намерасад, то ин муддат худам Комиларо дар хонаам нигоҳубин мекунам. Чуҳриро даъват карданд. Баҳсу ҷанҷол шуд. Ман ҳам ҳамон рӯз аламҳои чандинсолаамро гуфта диламро холӣ кардам.
-Чӣ хел аламҳои чандинсола?
-Чуҳрӣ мехост духтари маро низ ба номаш кунад.
-Чаро? Духтари шумо ятим ё дар кӯча мондагӣ нест-ку?!
—Мо аз марказ дур зиндагӣ мекардем. Духтарам ҳамон вақт дар синфи нуҳум мехонд. Барои ба мактабаш наздик будани хонаи Ҷуҳрӣ аз ӯ хоҳиш намудам, ки агар имкон дошта бошад, духтарам чор моҳ дар хонаи вай зиндагӣ кунад. Розӣ шуда гуфт, ки ҳар гоҳ хоҳед, метавонед омада ӯро бубинед, вале баъдан ба дидорбинии мо монеъ шудан гирифт. Ҳамин тариқ духтарам муддати 9 моҳ дар хонаи Чуҳрӣ монд. Ин зан ӯро ба омӯзишгоҳ дохил карда, ба дасти духтарам як коғаз додааст, ки рафта ба модарат гӯй, ки аз ҳуқуқи модарӣ даст кашад. Ман розӣ нашуда, ӯро ба назди апааш Манижа фиристодам. Манижа бо хоҳараш суҳбат карда, ҳамаашро ба ӯ фаҳмонда дод, баъди ҳамин духтарам дигар ба хонаи Чуҳрӣ нарафт.
-Комила мегӯяд, ки то синфи панҷум шуданам, ман пинҳонӣ бо модари аслии худам вомехӯрдам, вале баъд Обид хабардор шуда, моро зӯран аз ҳамдигар ҷудо кард ва дертар шунидам, ки гӯё модарам мурдааст. Эҳтимол ин гап дурӯғ ва модари аслии ин духтарак зинда бошад. Кӯшиш накардед, ки дар ёфтани модараш ба Комила мадад расонед?
—Чор моҳе, ки ин духтарак дар хонаи мо буд, мошин киро карда, кӯча ба кӯчаи деҳаи Қулмундаро гашта, модари Комиларо ҷустем, вале пайдо карда натавонистем. Ман бисёр мехостам, ки он занро ёфта, ақаллан як маротиба аз наздик ҳамроҳаш суҳбат кунам, вале афсӯс…
—Аз рӯйи гуфти Комила гӯё писари модархондаш Обид шабҳо ба ҷогаҳи хоби вай медаромадааст. Шумо дар ин бора чӣ андеша доред?
-Бо чашми худам, ки надидаам, дар ин бора чизе гуфта наметавонам. Фақат ҳамин қадарашро медонам, ки Чуҳрӣ ману духтарҳоямро туҳмат карда гуфтааст, ки онҳо сабукпоянд, ба хонаи онҳо рафта, ин духтар, яъне Комила ҳам чунин шудааст. Барои исбот намудани он ки ин суханҳо дар ҳаққи мо туҳмат ҳастанд, Комиларо аз ташхис гузаронидем. Маълум гашт, ки Комила духтари покдоман ва ҳанӯз бокира аст.
Манижа Алиева, духтари Салима:
Комила мехост бо Раиси шаҳр вохӯрад
-Комила ҳамеша гиря мекард, ки Обид мехоҳад номуси маро доғдор карда, маро шарманда созад, вале ман додгӯён мегурезам. Маҳз аз ҳамин сабаб Комила бисёр вақт аз он ҷо гурехта ба хонаи мо меомад. Аксар вақт гурусна буд ва баробари аз дар даромадан “ягон чизи хӯрданӣ доред ё не” гуфта мепурсид. Ману модарам чизе, ки дошта бошем, ба наздаш бароварда, ӯро дилбардорӣ мекардем, ки зиқ нашав, ҳамааш хуб мешавад. Комила мехост бо раиси шаҳри Ҳисор вохӯрда, ҳамаи аламҳои дилашро рӯ ба рӯ ба он кас бигӯяд, вале аз афташ тоқаташ тоқ шуд, ки даст ба ин кор зад. Муддати даҳ рӯз ӯро худам дар беморхона нигоҳубин кардам. Аз прокуратура барои пурсиш омада буданд. Ман ҳамаашро ба онҳо нақл карда гуфтам, ки Комила чанд маротиба бо чашмони гирён ба хонаи мо омад, ки писари ҳамон занак ба ман дастдарозӣ карданӣ аст. Баъдтар апааш маро ҷанг кард, ки ту набояд ин гапҳоро мегуфтӣ, вале ман фикр мекунам, ки гуфтанам хуб шуд. Ин коре нест, ки пинҳон кунӣ, охир то ба кай ин духтараки бечора ранҷу азоб мекашад?!
Хонандагони азиз, мо аминем, ки ҳомиёни қонун содиқона аз паси таҳқиқи ин масъала шуда, мӯйро аз хамир ҷудо мекунанд ва зиндагии ин духтараки басо ранҷу азобдида аз ин пас ранги дигар мегирад.
Дар шумораҳои минбаъдаи “Оила” мо ҳатман ба ин мавзӯъ баргашта, шуморо аз тақдири минбаъдаи Комила огоҳ хоҳем кард.
Маҳинаи Давлат
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ