Духтарамро куштанд, писарамро ҳам мекушанд

Салом хонандаи азиз! Ман ҷавонзани 27 сола ва модари ду фарзанд ҳастам. Ду сол пеш бо балвои қайсингилам аз шавҳарам ҷудо шудам.
Аҳли оилаи шавҳарам фарзандонамро аз дасти ман кашида гирифтанд. Дурии фарзанд барои модар аз марг ҳам бадтар аст. Рӯзи дароз корам гиряву нола буд, ҷигарам барои кӯдаконам пора-пора мешуд, вале чора надоштам. Модарам кӯшиш мекард. ки маро дилбардорӣ кунад, вале дар дилам ягон сухан намеғунҷид. Фикру ёдам танҳо ба кӯдаконам банд буд. Билохира сабру қарор аз даст дода ба мактаб ба суроғи фарзандонам рафтам ва ҳоли зорашонро дида ҳуш аз сарам парид. Сару рӯяшон пур аз чангу хок, нохунҳояшон расидагӣ, либосҳояшон ифлос, мӯйи сари духтарчаам чунон жӯлида, ки гумон мекардӣ як сол боз шона ба сараш нарасидааст. Аз муаллимонашон ҷавоб гирифта ҳарду фарзандамро бо худ ба хонаи модарам овардам ва сару рӯяшонро шуста шикамашонро сер кардаму хобондам. Бечора бачаҳоям ҳанӯз аз хоб бедор нашуда буданд, ки балои аз осмон фаромадагӣ барин падарашон пайдо шуд ва маро дашному ҳақоратҳои бисёре дода, кӯдакони хоболудро кашолакунон ба мошинаш савор кард. Писару духтарчаам худро ба замин партофта гиряву зорӣ мекарданд, ки мо ҳамроҳи модарамон мемонем, аммо падари сангдилашон онҳоро зӯран бо худ бурд. Ин лаҳза талхтарин лаҳзаи ҳаёти ман буд, гумон кардам, ки ҳамроҳи фарзандонам як пораи диламро канда бурданд. Тамоми шаб миҷа таҳ накарда, то саҳар гиристам. Дилам худ аз худ мисли шоми тари сиёҳ шуда аз пешомади ногуворе дарак медод. Саҳаргоҳ ҳамсояи хушдоманам хабар овард, ки духтарчаи маро барқ зада, ҷо ба ҷо мурдааст. Рӯю мӯямро канда ба ҷанозаи ҷигарбандам рафтам. Бо дидани ҷисми беҷони духтарам дунё дар назарам тираву тор гашту аз ҳуш рафтам. вақте ки чашмонамро кушодам, аллакай духтарчаамро ба хок супурда буданд. Дигар то би дар он хона истодан надоштам, хостам писарчаамро бо худ ба хонаи модарам барам, вале боз шавҳарам монеъ шуд. Ночор гирёну нолон ба хона баргаштам. Чанд рӯз боз ба худ нестам. Аҳли оилаи шавҳарам бепарвоӣ карда, духтарамро куштанд ва ба дили ман доғе ниҳоданд, ки шифо надорад. Нмехоҳам ба сари писарамро низ ягон фалокат биёяд.

Хонандагони азиз, илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чи тавр писарамро аз дасти падари муштзӯраш гирифта аз азобу ранҷ и бемодарӣ наҷот бубахшам?

Шамима

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *