Духтараш масҷидро  ба номи Ислом Каримов гузошт

Яке аз масҷидҳои кӯҳнаи шаҳри Тошканд баъди бозсозӣ шуданаш номи Ислом Каримов, президенти собиқи  Узбекистонро гирифт. Лола Тиллоева-Каримова, духтари хурдии Ислом Каримов, имрӯз бо нашри баёнияе дар саҳифаи расмияш дар Фейсбук гуфт, ки масҷидро ӯ ва ҳамсараш Тимур Тиллоев бозсозӣ карда ва бо машварату ризояти рӯҳониён ба он номи «Ислом – Ота»-ро гузоштанд.

Масҷиди «Ислом – Ота» дар кӯчаи Фарғонаи пойтахти Узбекистон воқеъ буда, соли 2015 куллан сӯхта буд. «Аз Худованд бениҳоят сипосгузорам, ки ба ману ҳамсарам ин имконро дод, то кори савобро ба анҷом расонем ва масҷидро аз нав созем», — навиштааст Лола. Ба қавли ӯ, сохтмони ин масҷид соли гузашта шуруъ шуда, нуҳ моҳ идома кардааст.Масоҳати умумии масҷиди «Ислом – Ота» 5400 метри мураббаъро дар бар мегирад, дар ҳоле ки масоҳати сохтмони пешинааш ба 2900 метри мураббаъ баробар буд. Дар дохили масҷид китобхона ва таҳоратхона ҷойгир буда, дар як вақт то 560 нафар метавонанд намоз гузоранд. Лола Тиллоева-Каримова эҳёи масҷиди «Ислом – Ота»-ро, ки ба гуфтаи ӯ яке аз куҳантарин масҷидҳои Тошканд аст ва таърихи сесадсола дорад, «ҳодисаи таърихӣ» номидааст. Ӯ гуфтааст, ки умед дорад дар оянда ин масҷид барои пайравони дини ислом хидмат хоҳад кард. «Мо дар оғози сохтмони ин масҷид пешбинӣ намекардем, ки ин ибодатгоҳ номи падари маро мегирад», — хулоса кардааст ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *