Духтарчаи 7 сола аз спирти худсохт заҳролуд шуд

 Духтарчаи ҳафтсола дар Оренбург бо спирти суррогат(қалбакӣ)  заҳролуд шуда, пас аз расонидани ёрии тиббӣ, ӯро ба хона ҷавоб додаанд. Пештар хабар дода шуд, ки дар шарқи вилояти Оренбург, пас аз истеъмоли машруботи суррогатӣ, 65 нафар заҳролуд шуданд, 35 нафари онҳо фавтиданд. Дар хабари “Сиск Р.Ф” гуфта мешавад, ки 17 октябри соли 2021, соати 08:00 як сокини 7-солаи ноҳияи шаҳрии Гайский бо ташхиси «заҳролудшавӣ бо спирти суррогатӣ» дар беморхона бистарӣ карда шуд. «Дар доираи санҷиш аз рӯи ин далел муайян карда шуд, ки ноболиғ шомгоҳ дар кӯча бо ҳамсолонаш моеъи спиртдор истеъмол кардааст»,-гуфтанд дар шӯъбаи тафтишот. “Пас аз он, ки духтарча ҳамроҳи ҳамсолони худ дар куча аз ин шароб нӯшидааст, ба хона баргашта, ҳолати ӯ бадтар шудааст ва кӯдак дар беморхона бистарӣ шуд. «Айни замон, пас аз расонидани ёрии зарурӣ, кӯдак ба хона ҷавоб дода шудааст», — гуфтанд дар Кумитаи тафтишотии  минтақавӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *