Духтарчаи 8-солаи тоҷик дар Ироқ (Видео)

Мория, як кӯдаки 8-солаи тоҷик мегӯяд, бар асари ҳамлаи ҳавопаймо дар шаҳри Мосул падару модар ва се хоҳарду ду додараш кушта шуданд ва танҳо ӯ зинда мондааст. Волидони Мория аз ҷумлаи онҳоеянд, ки ба таблиғоти ДИИШ фирефта шуда, барои «ҷиҳод” ба Ироқ омаданд.

Шабакаи телевизионии «Russia Today”дар як гузориш аз ятимхонае дар Бағдод, ки дар он кӯдакони ятиммондаи ҷангиёни кушташудаи ДИИШ-ро ҷамъ овардаанд, саргузашти як кӯдаки 8-солаи тоҷик бо номи Морияро низ қисса кардааст.

Хабарнигори телевизиони Русия мегӯяд, Мория дар ятимхона дар як кунҷ дар рӯи каташ ва аз кӯдакони дигар ҳамеша ҷудо менишаст. Ӯ гуфтааст, «ман Мория ном дорам ва 8-солаам. Ман дар инҷо бо касе бозӣ намекунам, фақат рӯи катам мешинам.”

Волидони Мория, ки зодагони Тоҷикистон будаанд, аввал ба Миср сафар карда ва аз онҷо ба Ироқ омада будаанд. Мория мегӯяд: «Ман дар Миср ба дунё омадам. Ду хоҳару як додарам низ дар Миср таваллуд шуданд. Як додару як хоҳари дигарам дар инҷо, дар Ироқ таваллуд шуданд.”

Дар посух ба ин суол, ки оё медонад, ки падару модар ва хоҳарону додаронаш куҷоянд?, Мория канда-канда мегӯяд: «Медонам. Онҳо ҳамаашон ҳалок шуданд. Вақте ҳавопаймо ба болои хонаи мо мушак партофт, ҳамаи онҳо кушта шуданд.”

Манобеи интизомии Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки дар маҷмӯъ дар солҳои охир беш аз 1100 нафар аз шаҳрвандони тоҷик ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гурӯҳҳои тундрав ва асосан ба ДИИШ пайвастаанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, даҳҳо ҷангҷӯи тоҷик зану фарзандони худро низ ба қаламрави «хилофат”-и худхондаи ДИИШ бурдаанд ва ҳоло, ки ҳалқаи фишор ба зидди ин созмони тундрав торафт танг мешавад, дар Сурияву Ироқ ҳудуди 250 кӯдаки тоҷик дармондаанд.

«Russia Today” мегӯяд, аксари кӯдакони ҷамъоварда дар ятимхонаи Бағдод фарзандони ҷангҷӯёни чеченитаборанд. Аксари ин кӯдаконро баъди аз дасти ДИИШ гирифтани шаҳри Мосул ҷамъу гир карда, ба ин ятимхона овардаанд.

Абир Чалабӣ, мудири департаменти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар вазорати умури иҷтимоии Ироқ мегӯяд, аксари ин кӯдаконро дар як ҳоли табоҳ ба инҷо оварда буданд: «Онҳоро волидонашон партофта буданд ва ин кӯдакон муддати тӯлоние бе нигоҳубин монда буданд. Ҳолати равониашон шадидан бад буд. Бисёраш гирифтори маризиҳои пӯст буд, дасту пои баъзеаш шикаста буд. Дар инҷо ҳамаи онҳоро бо нигоҳубини лозим фаро гирифтаанд.”

Абир Чалабӣ гуфт, давлати Ироқ омода ҳаст, дар амри ба кишварҳои зодгоҳашон баргардондани ин кӯдакони ятиммонда азҷ ангҷӯёни ДИИШ ҳамкорӣ кунад: «Агар исбот шавад, ки ин ё он кӯдак шаҳрванди кадом кишвар аст, мо ӯро ба зодгоҳаш бармегардонем. Дар ин масъала паҳлуи башариаш муҳим аст, на ҳуқуқиву маъмурӣ. Давлати Ироқ дар ин масъала ҳамкорӣ бо ҳар кишварро истиқбол мекунад.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *