Духтаре, ки “сари волидонашро хӯрд” нӯҳ моҳ пеш дар фотеҳа буд

Ҳодисаи дар тахшиси қабл аз издивоҷ бокира набаромадани як духтар дар деҳаи Қуруқи  ҷамоати Пӯлодони шаҳри Конибодом боиси марги фоҷеавори водилонаш шуд. Ҳодисаи мазкур  14-уми июл рух дода, марҳумонро пас аз як рӯзи он ба хок супурданд. Ба гуфти як манбаи боэътимод аз шаҳри Конибодом духтар донишҷӯи коллеҷи тиббии шаҳр ва  модараш омӯзгори ин муассиса будааст. Духтар 9 моҳ пеш ба як ҷавони  яке аз оилаҳои барӯманди шаҳр фотеҳа шуда, моҳи август бояд тӯйи арӯсияш баргузор мешуд.

Ҳодисаи ғайрибокира будани духтар на танҳо боиси вайрон шудани тӯйи арӯсӣ шуд, балки “сари волидонашро хӯрд”.

14 июл, яъне рӯзи шанбе падару модари ин духтар баъди дидани қоғази натиҷаи ташхис, ки “нодухтар” будани духтарро нишон медиҳад волидонаш ба ин нанг тоб наоварда, ҳарду худкушӣ кардаанд. Падари духтар, ки Мурод ном дорад ба зан ва духтар мегӯяд, ки шумо ҳарду худро ба об партоед, ман худовезӣ мекунам, зеро бо ин ору нанг дигар зиста намешавад.

Модару духтар сӯи об мераванд то худро нобуд кунанд. Модар беистиҳола худро ба об меандозад ва духтарро як ронандаи таксӣ , ки  айни ҳодиса аз назди об мегузашт дида наҷот медиҳад.  Аммо падар дар хона худро ба дор овехта ба ҳалокат мерасонад .

Тӯли ду рӯз аст, ки дар тамоми минтақаи Суғд сухан ва фарзияҳо атрофи ҳодисаи зикршуда меравад. Аммо то ҳол маълум нест, ки натиҷаи ташхис дақиқ буд ё на. Лекин  яке аз дустони духтар, ки аз вазъият қаблан бохабар будааст гуфт: —  Духтар мехонд ва модараш муаллима буд, оилааш бад набуд. То ҷое медонам гӯё як ҳамсояяшон соле пеш таҷовуз карда бошад ва барои овоза ва шарманда нашудан “сари кафида зери тоқӣ” гаштааст.

Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед.

Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *