Духтари 13 сола нафсашро 100-сомонӣ фурӯхт

Мақомоти милисаи шаҳри Конибодом ду ҷавонро бо иттиҳоми алоқаи ҷинсӣ бо як духтари 13-сола дастгир кардаанд. Ба зидди маъмури меҳмонхонаи «Ором”, ки барои алоқаи ҷинсӣ бо ин ноболиғ шароит омода кардааст, бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона парванда кушодаанд.

Шабакаи телевизионии СМ-1 хабар дод, ки Абдураҳмонов Икром Акрамович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати Патари Конибодом ва Тӯрахӯҷа Абдурауф Аслонхӯҷаевич, соли таваллудаш 1990, зодаи ноҳияи Мастчоҳ ва сокини муваққатии шаҳри Конибодом бо иттиҳоми ҳаракатҳои шаҳвонӣ нисбат ба як духтари ноболиғи 13-сола дастгир шудаанд.

Мақомот мегӯянд, Икром Абдураҳмонов бо ин духтари ноболиғ дар ҳудуди автовокзали шаҳри Конибодом вохӯрда, ӯро бо роҳи фиреб ба меҳмонхонаи «Ором”, воқеъ дар кӯчаи Марказии шаҳр овардааст. Дар инҷо, ба гуфтаи мақомот, «бо мақсади қонеъ намудани талаботи шаҳвонӣ дидаву дониста, ки ноболиӯ ҳанӯз ба синни 16-солагӣ нарасидааст, бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кардааст.”

Дар навори видеоие, ки шабакаи телевизионии СМ-1 нашр кард, Икром Абдураҳмонов мегӯяд:

«-Рост меҳмонхона рафтем.

-Кадом меҳмонхона?

-Ба «Ором”. Ба «Ором” рафта, ман худам даромада, қарордод кардам. Майлӣ гуфт.

-Ба чанд пул қарордод кардед?

-100 сомонӣ.”

Зоир Тағоҷонов, мудири меҳмонхонаи «Ором” дар посух ба ин суол, киба рафтори кормандонаш, ки дар ивази 100 сомонӣ ин ҷуфтро барои 30 дақиқа ба меҳмонхона роҳ додаанд, чӣ баҳо медиҳад?, гуфт, «ин камбудии коргарон аст.”

Икром Абдураҳмонов мегӯяд, маъмурони меҳмонхона баъди гирифтани пул аз онҳо ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият талаб накардаанд. Тибқи қонун, маъмурони меҳмонхонаҳо танҳо дар сурати пешниҳоди чунин аснод метавонанд меҳмононро ҷобаҷо кунанд.

Ҳоло нисбати маъмури меҳмонхонаи «Ором” бо гумони даллагӣ ва ташкили фоҳишахона парванда кушодаанд. Ба ӯ бар асоси моддаи 239-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳамчун муҷозот ҷарима ба маблағи аз 50 то 100 ҳазор сомонӣ ваё то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Аммо ин қиссаи «ишқӣ” бо ҳамин тамом намешавад. Дар роҳи бозгашт Икром Абдураҳмонов бо дӯсташ Абдурауф Тӯрахӯҷа рӯбарӯ шудааст ва ҳисси шаҳвонии Абдурауф низ боло гирифта, вай ин духтари 13-соларо бо мақсади алоқаи ҷинсӣ ба манзили муваққатиаш дар кӯчаи Ҷавонони шаҳри Конибодом бурдааст.

Ба зидди Икром Абдураҳмонов ва Абдурауф Тӯрахӯҷа бо иттиҳоми алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракатҳои шаҳвонӣ бо шахсе ки ҳанӯз баръало ба синни 16-солагӣ нарасидааст, бар асоси моддаи 141-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ҳарду гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Ба онҳо аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *